Тозанашр

«Народная газета о народном Президенте» аз нашр баромад

№36 (4619) 13.03.2023

331525602_509510834719392_4332844553405035596_n10-уми марти соли равон дар маҷлисгоҳи Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» китоби дуюми «Народная газета о народном Президенте», ки онро нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» дар ду ҷилд омода ва нашр намуд, рӯнамоӣ гардид.

Китоб ба истиқболи Рӯзи матбуоти тоҷик ва 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфта, идомаи мантиқии китоби аввал мебошад. Дар он паёмҳо, суханрониҳо, муроҷиатҳо ва сафарҳои кориву расмии Пешвои миллат ва гулчини матолибе, ки доир ба фаъо­лияти созандаи Роҳбари давлат солҳои охир дар рӯзномаи «Народная газета» нашр гаштаанд, ҷой дода шудааст.

Матлабҳои «Народная газета о народном Президенте» ба хонандагон аз ҳаёти сиёсии кишвар дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии мардум дар он замон, ки чандон саҳл набуд, иттилои фаровон манзур менамояд. Хонандагон аз китоб, ҳамчунин, ба суоли чӣ гуна солҳои охир дар сатҳи байналмилалӣ боло рафтани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон посух дармеёбанд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат махсусан дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм низ аз назари таҳиягарони китоб дур намонда. Дар ин мавзӯъ аз китоб матолибе метавон дарёфт, ки оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот медиҳанд.

Он барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла донишҷӯёну аспирантон, сиёсатшиносон ва онҳое, ки ба таърихи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии тоҷикон таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,

 «Садои мардум»