Ёздаҳуми марти соли 2023 дар Қасри Таврия, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ҷаласаи Комиссияи назорат ва буҷети Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба назорат ва буҷети ИДМ баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Иштирокчиён таъмини молиявии фаъолияти ташкилотро баррасӣ карданд. Масъалаҳои марбут ба маблағгузории ҷории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ҷавонон, ташаккул ва татбиқи буҷети АБ ИДМ низ, муҳокима гардид.
Дар ҷаласаи комиссияи мазкур намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода суханронӣ намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон