Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти шаҳри Хоруғ шинос шуд. Ӯ нахуст ба беморхонаи марказии вилоят ташриф овард, ки дар ин ҷо сохтмони бинои чорошёнаи таваллудхона идома дорад. Бинои мазкур, тибқи нақша, дар арафаи ҷашни 23- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд мавриди истифода қарор дода шавад. Барои бунёди он 8 миллиону 836 ҳазор сомонӣ маблағгузории давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмониро дар ин ҷо Ширкати бинокории «Монолит» пеш мебарад. Санги асоси бино ҳанӯз панҷ сол пеш гузошта шуда буд ва он мебоист дар давоми се сол сохта мешуд. Аммо бо сабабҳои гуногун муҳлати анҷоми корҳои сохтмонӣ кашол меёфт. Имрӯз ҳам суръати кор дар ин иншоот қонеъкунанда нест. Раиси вилоят супориш дод, ки теъдоди сохтмончиёнро ду баробар зиёд намоянд, то сохтмони бино дар муҳлати муайяншуда анҷом ёбад. Ҳамчунин Шодихон Ҷамшед дастур дод, ки дар ин ҷо ситоди доимоамалкунандаро таъсис дода, рафти корҳои сохтмониро таҳти назорати қатъӣ карор диҳанд.Сипас, раиси вилоят ба маҳаллаи ба номи Носири Хусрав омада, бо ҷараёни сохтмони қасри варзишӣ, ки барои зиёда аз ду ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, шинос шуд. Дар ин ҷо теъдоди зиёди ҷавонони маҳаллӣ кор мекунанд. Барои бунёди ин иншоот ва таъмини он бо таҷҳизоти муосир 17 миллион сомонӣ маблағгузории давлатӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин маҳалла инчунин таҳкурсии се бинои истиқоматии нуҳошёна гузошта шудааст.
Масъулини сохтмон назди раиси вилоят аз тангии ҷойи кор шикоят намуданд, ки имконият намедиҳад техникаи пуриқтидорро истифода баранд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи қарори раиси шаҳр биное, ки дар он асосан устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зиндагӣ доранд, мебоист дар оғози моҳи апрел бардошта мешуд. Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр супориш дод, ки дар давоми се рӯз бино холӣ ва омӯзгорон бо бинои зисти муваққатӣ таъмин карда шаванд. Дар маҷмӯъ, раиси вилоят рафти корҳои сохтмониро дар маркази вилоят -шаҳри Хоруғ интиқод намуда, ба масъулин дастур дод, ки барои суръатбахшии кор, бахусус дар иншооти ҷашнӣ, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»