Қубодиён ҳамчун минтақаи кишоварзӣ машҳур буда, ба шарофати офтоби ҷонбахш, обу хоки файзтироз ва заҳмати деҳқони ризқрасон дар ин мулк фасли навбаҳорон аввалин меваю сабзавот рӯйи хони мардум гузошта мешаванд. Раиси ноҳияи мазкур Саъдулло Бекназаров оид ба дастовардҳои ноилгашта дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мегӯяд, ки: «Бо мутахассисон, аҳли заҳмат, деҳқонони асили Қубодиён маслиҳату машварат ороста, мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда, Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Қубодиёнро мураттаб сохтем. Мутобиқи он бахши соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи соҳаҳои ояндадори иқтисодиёти ноҳия ба шумор меравад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шавад».
Аввалин иншооти саноатӣ, ки ҳамин сол ба кор шурӯъ намуд, заводи коркарди шағал мебошад, ки маҳсулоти он ба мардуми ноҳияи Қубодиён ниҳоят зарур аст. Соҳибкор Абдуғаффор Асоев аз деҳоти 20-солагии Истиқлол дар ин самт иқдом намуд. Акнун сокинони ноҳия, ки ба ин маводи муҳими сохтмон эҳтиёҷ доранд, сарсону саргардон шуда, ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ё Душанбе намераванд, балки аз ҳудуди ноҳияи худ онро бо нархи арзон харидорӣ мекунанд. Завод рӯзе 500-600 тонна ин намуди масолеҳи сохтмониро омода месозад.
Зикр намудан ҷоиз аст, ки зарурати чунин масолеҳи сохтмониро ба ҳисоб гирифта, соҳибкори дигар дар деҳоти ба номи У.Назаров низ заводи коркарди шағал бунёд намудааст.
Дар ҳамин радиф, корхонаҳои истеҳсоли шифер, хишти пухта, шиша, орд, оби маъданӣ, коркарди меваю сабзавот, равған, асфалт, пашму пӯст, хоҷагии хушзоткунии гӯсфанди ҳисорӣ ва ғайра аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардида истодаанд.
Саъдулло Бекназаров дар хусуси зарурати бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ҳарф зада, минҷумла гуфт, ки яке аз иншооти муҳими бунёдшавандаи ноҳия заводи истеҳсоли хишти пухта аст, ки онро соҳибкор Сафар Тоҷиев ташкил намуда истодааст.
- Мо ният дорем, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ хиштҳои пухтаи ин корхонаро дастраси мардум гардонем. Иқтидори он соле панҷ миллион дона хишти пухта аст, — илова намуд ҳамсуҳбатам.
Корхонаи дигаре, ки ба фаъолият шурӯъ намуд, коргоҳи истеҳсоли плитаҳои сохтмонист. Ин плитаҳоро хишти кошӣ ҳам мегӯянд, ки барои ороиши иморатҳо ва роҳравҳо хеле заруранд.
Сохтмони заводи равған ҳам ба нақша гирифта шудааст, ки онро соҳибкор Нормуъмин Юлдошев бунёд мекунад.
Деҳқонони ноҳияи Қубодиён бештар аз 20 ҳазор тонна пахта истеҳсол менамоянд ва ин завод аз пунбадонаи пахтаи худӣ равған истеҳсол хоҳад кард. Дар оянда шилхаю кунҷораи ин корхона барои парвариши чорво ҳам истифода мешавад.
Пас аз чанде дар ноҳия бо ташаббуси соҳибкор Чорӣ Эшматов заводи истеҳсоли шиша низ ба кор оғоз хоҳад кард. Масъулини он ба шаҳри Саратови Федератсияи Россия сафар намуда, аз он ҷо лоиҳаи ин корхонаро оварданд. Заводи шишаи Қубодиён ҳамчун филиали корхонаи шаҳри Саратов фаъолият хоҳад намуд. Бояд гуфт, ки ашёи хоми ин корхонаро дар озмоишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург санҷидаанд. Дар натиҷа, маълум гардид, ки дар таркиби хоки он 67 фоиз квартс мавҷуд аст. Квартс маводи зарурии шишасозӣ буда, аз рӯйи нишондоди мутахассисон дар Осиёи Миёна фаровон аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки пештар ҳамин хокро ба шаҳри Саратов бурда, аз он шиша месохтаанд.
Заводи шишасозӣ дар ноҳия яке аз иншооти муҳимтарин хоҳад шуд, ки дар он бояд 600-700 нафар бо кор таъмин шаванд. Нуқтаи муҳим он аст, ки корхонаи мазкур метавонад баъзе кишварҳои ҳамсояро низ бо шиша таъмин намояд.
Дар ноҳия ҳамчунин сохтмони коргоҳҳои истеҳсоли нону яхмос, корхонаҳои хурди қолинбофӣ, дӯзандагӣ, бемористони хусусӣ, интернат, бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54, идораи нозироти андоз ва меҳмонхонаи замонавӣ босуръат ҷараён доранд.
- Шукрона мегӯем, ки ба ҳамин минвол бахши саноатии ноҳия таври муназзам рушд ёфта истодаст, — мегӯяд бо қаноатмандӣ раиси ноҳия С.Бекназаров.
Ба наздикӣ дар ин ноҳия сохтмони обанбор оғоз меёбад, ки барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳия аҳамияти калон хоҳад дошт. Бунёди иншооти мазкур дар замони шӯравӣ шурӯъ гардида, беш аз чил фоизи корҳои он анҷом ёфтааст. Бо сабабҳои маълум сохтмони он дар вақти муайяншуда ба охир нарасидааст. Обанбори мазкур, қариб як миллиард мукааб об ғунҷоиш дошта, ғайр аз киштзорони ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав 40 000 гектар заминро таври иловагӣ обёрӣ карда метавонад. Сарбанди ин обанбор 36 метр баландӣ дошта, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар он ба иқтидори 120 мВт неругоҳи барқи обӣ бунёд мегардад, ки сокинони водиро комилан бо барқ таъмин хоҳад намуд.
Тавре зикр кардем, дар ноҳия муассисаю корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд гардида, баробари ободонӣ барои сокинони он, хосса ҷавонон, ҷойҳои нави кор муҳайё мешаванд.
Дар ноҳияи Қубодиён баробари фаъолияти мактабҳои ҳозиразамон, ҳамчунин омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ фаъолият намуда истодаанд. Иттилоъ гирифтем, ки соли ҷорӣ дар ноҳия сохтмони бинои мактаби президентӣ оғоз меёбад.
Раиси ноҳия гуфт, ки чанде пеш вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ бо сафари хидматӣ ба ноҳия омада, доир ба бунёди мактаби президентӣ гуфтугӯ намуд. Қубодиён аз замонҳои қадим минтақаи обод буда, бо мадрасаҳо, қалъаҳо, боғоту бозорҳои худ шуҳрат дошт. Аз ин ҷо олимон, мударрисон, суханварон, наққошон, ҳунармандон ба камол расида буданд. Ҳамин номи неки ин мулк то ба рӯзҳои мо омадааст. Бинобар ин, дар замони мо таъсиси мактаби президентӣ дар ноҳияи Қубодиён зарур аст. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Н.Саидов хоҳиши роҳбари ноҳияро қабул намуд ва тибқи муқаррарот аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҷеъ ба ин масъала бо мақомоти марбута мактуби расмӣ ирсол гардидааст. Дар паҳлуи Боғи фарҳанги ноҳия барои ин мактаб ҷой ҷудо шудааст. Мактаби президентии ноҳияи Қубодиён толибилмони ноҳияҳои Ҷиликӯл, Шаҳритуз ва Носири Хусравро низ ба таҳсил фаро хоҳад гирифт. Итминони комил дорем, ки мактаби президентӣ боргоҳи илму маърифати ин водии бостонӣ мегардад, — гуфт дар фарҷом С.Бекназаров.
Бахтиёри Муртазо, журналист