Бархезу наврӯзӣ биёр

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

НаврузчаҶашни Наврӯз дар Раштонзамин дар ҳама давру замон шукӯҳу шаҳомоти хос дошт. Суннатҳои наврӯзиро мардум муқаддас медонистанд. Он рӯзро сари соли нав мехонданд. Мегуфтанд, ки аз ҳафт пуштамон мерос мондааст, ёдгоре аз шоҳ Ҷамшед аст.  Соли нав меояду табиати мурдаро зинда месозад.

 Даврони шӯравӣ буд, сокинони деҳот хоса, занону духтарон, хеле хуш Наврӯзро пешвоз мегирифтанд.

Рӯзи ид занон гирди ҳам меомаданд. Аз ҳафтодсола то ҳафтсола. Садои хандаи сеҳрангези онҳо гӯши мавҷудоти оламро навозиш мекард. Чанд дег паҳлуи ҳам мехобонданд. Сумалак ҷӯш мезад. Умочи ба шир, шӯрбо, кашк…  Барои тайёр кардани умочи ба шир аз ҳар хона як каф орд мегирифтанд. Дар як канори боғи Мурод дарзаҳои ҳезумро рӯйи ҳам чида оташ медоданд. Боғи Мурод дар як канори деҳа ҷой гирифта буд ва ҳисори баланди сангин дошт.  Касе аз берун наметавонист даруни боғро дидан. Ду ҷавонзани бақувват аз хирмани оташ дуртар доира мезаданд. Раҳматии бибии Савлат зани маъракаоро буд. Ҳамон рӯз  либоси мардона мепӯшиду дар сар салла мебаст. Кампири зебое буд. Ҳай мерақсид, мардона мерақсид. Ӯ ба навбат дасти зане ё духтареро гирифта, ба маърака мебурду ҳамроҳаш мерақсид. Баъд кампири Асила зану духтаронро саф меорост. Онҳо ба навбат аз болои оташ меҷаҳиданд. Маъракаро «Алов­парак» мехонданд. Мегуфтанд, ки оташи муқаддас гуноҳи яксолаи одамро месӯзаду шабеҳи тифли навзод покиза мешавад. Сипас, занҳо пешорӯйи он саф зада, сари зону менишастанд ва даст ба дуо мебардоштанд.

- Ай оташи муқаддас!,- садо баланд мекард кампири Асила.  Сурхии рӯятро ба мо ато кун, зардии рӯямонро бигир. Дарду ғам ва гуноҳҳои моро сӯз. Шифоямон ато намо.

-  Наврӯз омадааст.  Дар қадамош ҳасанот. Дуо мекунем, ки соли пурфайзу баракат бошад. Агар ҳамин рӯз дар деҳа ҳама шоду хурсанд бошанд, бовар дорем то охири сол ҳамин хел мемонад. Паю қадами Наврӯзро муборак гардонад.

 Ба пуштманзари ҳарфҳои вай сарфаҳм намерафтем. Намедонис­тем кадоме аз меҳмонҳо Наврӯз аст.  Дар маърака марде набуд, ғайр аз бибии Савлат…

Баъд базму бозӣ сар мешуд. Гӯшае дар шохҳои бақуввати дарахтон ҳул (арғунчак) баста буданд. Пиру барно савор мешуданду ­месуруданд:

Катта-катта ҳучум кун,

Пар надорум пучум кун.

Бахти сафед насибум,

Боди Наврӯз мучум кун.

Парма ба мухпарта бар,

Худма ба духтарта бар,

Ҷонона баҳор шудаст кай миёӣ?

Себаргаву гул қатор кай миёӣ?

Ту ваъда ба барфои зимистон додӣ,

 Барфо ҳама об шудаст, кай миёӣ?

 

 Катта-катта ҳучум кун,

 Пар надорум пучум кун.

 Бахти сафед насибум,

 Боди Наврӯз мучум кун.

 Парма ба мухпарта бар,

 Худма ба духтарта бар.

 Бархе аз занони кадбону пайи оростани дастархон ва пухтупаз буданд. Гирди деги суманак кафгир ба даст чарх мезаданду мехонданд:

 Ман рӯйи туро бинаму Наврӯз кунам,

Шабро ба сари санги сияҳ рӯз кунам.

Шабам ба сари санги сияҳ рӯз нашуд,

Ҷонакма фидои ёри дилсӯз кунам.

 Чун пухтупаз тамом мешуд, ҳама гирди хони пур аз нозу неъмат давра мегирифтанд. Хӯрокро мехӯрданд ва аз нав базм оғоз меёфт. То шом шодию хурсандӣ мекарданд. Моро ҳам зиёфат медоданд. Аз маъракаи модарону хоҳарон дуртар бароямон дастархон мегустурданд. Аз ҳама хӯрокҳои пухтаи онҳо чошнӣ мегирифтем.

Имрӯз дар даврони соҳиб­истиқлолии мамлакат шароити хубе фароҳам омад. Бо талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён бо ҷашни бузурги миллии мо ошно шуданд. Дар диёри мо Наврӯз дар ҳақиқат маънии нав пайдо кард. Дигар ҳама оинҳои миллӣ эҳё гардиданд. Мардум Наврӯзро бошукӯҳ ҷашн мегиранд.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»