Моҳияти наврӯз бо истинод ба далелҳои таърихӣ

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

semeni3Наврӯз аз қадимтарин ва азизтарин ҷашни миллии тоҷикон аст. Пайдоиши онро ба зиёда аз 6000 соли пеш тахмин мекунанд.

Оид ба ҷашнгирии Наврӯз сарчашмаҳои аз давраи ҳукуматдории Сосониён иттилои бештар додаанд. Дар китоби «Авесто» дар мавриди Наврӯз маълумот зикр нашуда, танҳо аз хусуси ҷашни фарвардингон сухан меравад, ки дар поёни зимистон барпо мекардаанд. Калимаи Наврӯз бори нахуст дар сарчашмаҳои паҳлавӣ дучор мешавад. Дар бахши ёздаҳуми «Бундаҳишн» гуфта шудааст, ки Хурдод сарвари солҳову моҳҳову рӯзҳост ва ӯ нигаҳбони обу ободонӣ мебошад. Яъне, рӯзи шашуми фарвардин, ки Хурдодрӯз аст, дар гузашта рӯзи «Наврӯзи бузург» ба шумор мерафт ва дар «Бундаҳишн» ишора рафтааст, ки дар ин рӯз ҷомаи нав пӯшидан ва хушбӯӣ бӯидан фоли нек аст.

Аз ашъори шоирони асри Х, хусусан аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Фаррухӣ дар бораи Наврӯз маълумот мавҷуд аст, ки бештар тобиши бадеӣ доранд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Зайнулахбор»-и Маҳмуди Гардезӣ роҷеъ ба бунёд гузоштани Наврӯз аз ҷониби Ҷамшед ҳикоя мешавад.

Абӯрайҳони Берунӣ дар мавриди таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз чунин қайд намудааст: «… чун Ҷамшед барои худ гардуна (ароба) бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷин ва шаётин ӯро дар ҳаво ҳамл карданд ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Ҳаким Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и бе­заволаш пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳад:

…Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Абӯалии Балъамӣ дар «Таърихи Табарӣ» пайдоиши Наврӯзро ба замони Ҷамшед мансуб дониста, гуфтааст: «Пас ӯ (Ҷамшед) дод бигустурд ва уламоро бифармуд, ки он рӯз, ки ман бинишинам ба мазолим, шумо назди ман бошед, то ман он кунам. Ва ба чунин рӯз, ки ба мазолим бинишаст, рӯзи Ҳурмузд буд аз моҳи фарвардин. Пас он рӯз Наврӯз карданд ва бар мо акнун суннат гашт».

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» оид ба таърихи пайдоиши Наврӯз чунин нигоштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед онро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Абӯсаид Абдулҳай бинни ал-Заҳҳок Маҳмуди Гардезӣ дар боби «Ҷамшед»-и китобаш «Зайн­-ул-ахбор» овардааст, ки ӯ «Чун бар тахти салтанат биншаст бо девон ҳарб карда ва дасти эшон аз мардум кӯтоҳ кард ва эшонро аз ободониҳо барандохт ва андар дарёҳо ва вайрониҳо шуданду биёбон. Ва эшонро корҳои гарон фармуд, ки мардум онро натавонистанд кардан. Ва осиёбсанге андар гардани деве афганд ва бар вай нишаст ва ӯро андар ҳаво бибурд ва дуо кард: Худои бузург гармову сармо ва беморӣ ва марг аз мардум бигирад.

Худои меҳрубон аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард ва ин офатҳо аз мардум бардошт ва сесад сол ҳам бар ин ҷумла буд. Ва чун дуои ӯ мустаҷоб шуд, шукри онро ҷашни Наврӯз бисохт ва девонро, фармуд то конҳо кананд ва ҷӯйҳо берун оварданд ва ба дарёҳо фурӯ рафтанд, гавҳарҳо бароварданд ва ин амал ба мардумон биёмӯхтанд ва ҷомаҳои рангин фармуд карданд».

Берунӣ дар китоби дигари худ «Китоб-ут-тафҳим» дар хусуси пайдоиши ҷашни Наврӯз мегӯяд, ки нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ аст ва аз ин ҷиҳат «Рӯзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст ва он чӣ аз паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, ҷашни Наврӯз маҳз дар аҳди Сосониён (асрҳои III — VI милодӣ) ба сатҳи баланд бардошта шуд.

Дар масири таърих Наврӯз бо чанд дину мазҳабҳои гуногун рӯ ба рӯ гардида буд ва бо ҳар кадомашон мувофиқа мекард ва ҳамин тавр барои Наврӯз арабу дини ислом низ бегона набуд. Олусӣ гӯяд: «Мардуми Мадина пеш аз ислом ду ид доштанд:  Наврӯз ва Меҳргон».

Шукӯҳу шаҳомат ва гиромидошти ҷашни Наврӯз дар адабиёти бадеии зиёда аз ҳазорсолаамон низ хуб инъикос ёфтааст. Аз эҷодиёти Одамушуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Шамсиддини Шоҳину Нақибхон Туғрал вобаста ба Наврӯз шеърҳои зиёде мавҷуданд. Рӯдакӣ фармудааст:

Бод бар ту мубораку хуншон,

Ҷашни Наврӯзу гӯспандкушон.

Ба таъбири Нақибхон Туғрал:

Баҳ-баҳ, ки рабеу иди Наврӯз омад,

Наврӯз шуду ба халқ нав рӯз омад.

Тифлони дабистон ҳама гаштанд озод,

Озодии Наврӯз зи нав рӯз омад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»