Дар фасли зебои баҳор дашту кӯҳсор сабзу хуррам ва пур аз гулу гиёҳҳои шифобахш мешавад ва мардум аз онҳо ҳар гуна даво ва ғизо омода мекунанд. Истифода аз давоҳои табиӣ имкон медиҳад, ки ҷисми инсон бо моддаҳои зарурӣ ва витаминҳо таъмин шавад.
Маълум аст, ки дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ва зимистон бештар ғизоҳои равғанӣ ва ғайритабиӣ истеъмол мекунем ва дар оғози фасли баҳор дар худ нороҳатие ҳис менамоем. Баъзе бемориҳои музмин дар ин айём аз нав хурӯҷ мекунанд. Дар чунин ҳолат аз гулу гиёҳ ва алафҳои баҳорӣ истифода мешавад, ки шифобахшу нерудиҳандаанд. Дар оғози баҳор ва айёми Наврӯз истеъмоли пудинаю райҳон, сиёҳалаф, модел, торон, рошак ва хӯрокҳои аз онҳо тайёрмешуда айни муддао ва муфид аст. Табиати диёрамон манбаи давоҳои зиёди табиист ва дар мавриди дуруст истифода бурдани онҳо метавонем саломатии худро беҳтар намоем. Бо истифода аз тавсияҳои донишмандон, сарчашмаҳои таърихӣ, табибони мардумӣ тасмим гирифтем роҷеъ ба чанде аз гулу гиёҳҳои баҳорӣ ва ғизоҳое, ки дар айёми Наврӯз истеъмолашон манфиатовар аст, маълумот диҳем.
Яке аз гиёҳҳое, ки дар фасли баҳор мерӯяд ва хеле маъмул аст, барги зуф мебошад. Ба қавли Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, агар рӯзе аз 150 то 200 милилитр шарбати баргу пояи зуфро, бо як қошуқча асал ним соат пеш аз хӯрок истифода баред, аз саратони меъдаю рӯда эмин мемонед. Абӯалӣ ибни Сино кокутӣ ва тахачро «тарёки кабир», яъне позаҳри бузург ном кардааст. Гули наргис, ки он ҳам дар баҳор мерӯяд, барои рафъи кирми меъдаю рӯда, узвҳои мардона ва ғайраҳо манфиатовар аст. Бӯй кардани гули наргис асабро орому вақтро хуш мекунад. Абӯалӣ ибни Сино тавсия медиҳад, ки агар тавонед ҳар рӯз як-ду маротиба гули наргисро бӯй кашед, агар имкон набошад, ҳафтае як маротиба, агар натавонистед моҳе як маротиба бӯй кашед ва ин кор ҳам ба шумо даст надод, соле як маротиба ин гулро бӯй кашед, асабатон ором мешавад.
- Пудина низ аз гиёҳҳои серистеъмол аст, ки дар аввали баҳор мерӯяд. Дар дунё қариб 12 намуди пудина муайян шудааст. Беҳтарин навъҳои он наъно, ки онро одамон мекоранд ва худрӯйи лаби об мебошад. Пудина хунро соф намуда, асабро ором месозад, сангҳои гурда, қуми дар дигар ҷойҳои бадан мавҷудбударо мерезонад.
Гиёҳи дигари маъмул чукрӣ мебошад, ки барои бемориҳои қанд, фишорбаландӣ, хуни ғафсшуда манфиатбахш буда, ҷигар ва сипурзро низ ба ибро меоварад. Торон низ чунин хусусият дорад. Сиёҳалаф дар баҳор ғизои бисёр одамон мегардад. Аз он ҳар навъ хӯроку хӯришҳо тайёр мекунанд, ки барои инсон манфиати зиёд дорад. Дар таркиби сиёҳалаф моддаҳои барои инсон зарур мавҷуд аст. Аз ҷумла, барои гирифторони бемориҳои ҷоғар, қанд, фишорбаландӣ давои хуб мебошад, - гуфт табиби мардумӣ ва гиёҳшинос Муҳаммадрасул Иброҳимзода. Вобаста ба миҷози одам гулу гиёҳ номбурда ва алафҳои табобатӣ, дар баробари шифобахшӣ таъсири зараровар низ доранд. Масалан, одамони тармиҷоз агар сиёҳалафро бисёр истеъмол кунанд, дар баданашон хоришак пайдо мешавад. Истеъмоли зиёди чукрӣ қувваи боҳро суст мекунад. Баъзе одамоне, ки мубталои дарди рӯда ва меъда ҳастанд, сиёҳалафро бояд камтар истифода баранд. Дар ин ҳолат ба ғизои аз сиёҳалаф омодашуда бояд татум ҳамроҳ карда шавад, зеро миҷози он гарму хушк аст. Дар урфият мақоле ҳаст, ки мегӯянд «Дар андак даво, зиёдтар ғизо, аз ҳад зиёд дарди бедаво».
Муҳаммадрасул Иброҳимзода тавсия медиҳад, ки дар фасли баҳор рошак, ров, ҷағ-ҷағ, барги зуф (зулф) ва дигар алафу гиёҳҳоро истифода барем. Масалан, рошак гиёҳи зидди вирусҳо ҳаст ва микробҳоро аз бадан дур мекунад. Агар рошак ва ровро бо меъёри зарурӣ истифода баред, ҳар навъи кирмҳоро мерезонад. Албатта, кирмҳо якчанд навъ мешаванд ва дар ин маврид тавсияи духтурон ва ё табибони халқӣ зарур мебошад. Онҳо истеъмоли зиёди ин навъи гиёҳҳоро дар гуруснагӣ маслиҳат намедиҳанд.
Яке аз олимони шинохта, шодравон Ҳомидҷон Зоҳидов дар натиҷаи татқиқот тӯлонӣ ду китоби арзишманде ба нашр расонд. Ин асарҳои пурқиммат «Канзи шифо» ва «Хазинаи тибби қадим» мебошанд, ки соли 1991 чоп шуда буд. Дар китоби «Канзи шифо» хусусиятҳои шифобахшии райҳонро чунин таъриф кардааст: «Инро бихӯранд гиреҳҳои майнаро мекушояд, варамҳои ҳамаи узвҳоро таҳлил медиҳад, дилтапак (дилбозӣ), сустӣ ва заъфи меъдаро шифо мебахшад, инчунин бодҳои ғализро таҳлил медиҳад. Оби барги онро бо шакар ширин карда биошоманд, дарди узвҳои даруни сина, дамкӯтаҳӣ ва сурфаро дафъ мекунад. Райҳонро бихоянд ё оби онро дар даҳон гардонанд, ҷӯшиши даруни даҳанро, ки пухтани даҳон низ меноманд, дафъ мекунад.
Ҳомидҷон Зоҳидов огоҳ кардааст, ки куфтани тухми райҳонро ҳангоми таркиб додан бо дигар даво табибон манъ кардаанд. Инро муаллифони китоби «Кифояи мансурӣ» низ қайд кардаанд, ки дар куфтани тухми райҳон қуввати манъкунанда ва қабзиятовар зиёд мебошад.
Аз ҷумлаи беҳтарин даво кокутию ҷамилак мебошанд, ки дар талу теппа ва кӯҳсорамон фаровон аст ва онҳоро метавон хушк карда, тамоми фасли сол истифода бурд. Вақтҳои пеш кадбонуҳо зимни пухтани оши бурида, далда ва дигар таомҳои ба ин монанд аз кокутию ҷамилак низ фаровон истифода мебурданд ва бӯйи хуши ин таом аз дуриҳо ҳам ба машом форам мерасад.
Худованд ба мо табиати бою биҳиштосоро ато кардааст. Мо бояд аз ин шукргузорӣ кунему неъматҳои фаровонро оқилона ва сарфакорона истифода барем.
Таҳияи Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»