Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҳамоишҳо бо донишмандони кишвар ва адабпажӯҳони хориҷӣ суҳбатҳои пурмуҳтавое ороста, омӯзиши густурдаи таърихии ҷашнҳои миллии тоҷиконро яке аз паҳлуҳои муҳими хештаншиносии милливу таборӣ донистаанд.
Наврӯз дар сайри чандҳазорсолаи худ аз миёни тирарӯзиҳову бадрӯзгориҳои иҷтимоиву сиёсӣ, аз халои сари кӯрдилону нотавонбинони мазҳабиву сиёсӣ гузашта, то рӯзгорони мо расидааст. Дар рӯзгори чирамандии араб, ки бо баҳонаи диноварӣ мехост Наврӯзро чун арзишҳои дигари мардуми таҳҷоӣ пурра зери по гузорад, ниёкони ҳушманди мо ба он ҷилои мусалмонӣ дода, ин оини зебои бостониро аз нобудӣ раҳоӣ бахшиданд. Онҳо тавонистанд тозиён ва мутаасибонро, ки Наврӯзро ҷашни мункирони дин хонда буданд, бовар кунонанд, ки Наврӯз рӯзи ба дунё омадани Одам алайҳисалом аст.
Аз ин ки сиёсати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳама расму оинҳои миллӣ бо чашми идеологӣ менигарист ва Наврӯзро ҷашни динӣ мепиндошт, сиёсатмадорони шӯравӣ дар ибтидо намегузоштанд, ки аз ин оини зиндагисоз ҳатто дар матбуот ёдоварӣ шавад. Танҳо дар солҳои 60 — уми садсолаи гузашта иддае аз адибону равшанандешон танҳо дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», ки сардабираш бонуи меҳанпарасту миллатдӯст, зиндаёд Буринисо Бердиева буд, шеъру мақолаҳои ба Наврӯз бахшидаро нашр намуд, рӯзномаро бо рангҳои сабз ва гулҳои баҳорӣ орову озин дода, ба ин расонаи фарҳангӣ ҷилои ҷашнӣ бахшид.
Устодони фарҳехта Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба ҳангоми пуштибонӣ аз Буринисо Бердиева, ки дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рафтори «ғайрикоммунистиашро» ба муҳокима гузошта, лоиҳаи ба ҷазои сахт гирифтор карданашро омода сохта буданд, вижагиҳои ориёии Наврӯзро ниҳон дошта, биниши сиёсатмандонро ба паҳлуҳои созандагии он, ҳамчун ҷашни оғози киштукори баҳорӣ, ҷашни деҳқон, ҷашни сарсабзии табиат тафсир карданд.
Дар ҳақиқат паҳлуҳои ориёии он ба саргузашти фаротаърихии тоҷикон, ба рӯзгори шоҳ Ҷамшед ишораҳо дорад ва Наврӯз бо рӯзи ба тахт нишастан ва тоҷ ба сар гузоштани шоҳ Ҷамшед баробар буд. Ин паҳлуҳои таърихии Наврӯз ва гиромидошти подшоҳ хилофи сиёсати идеологии шӯравӣ буд. Дарунмояи ҷашни Наврӯз, ки обишхӯри ахлоқи ориёии пиндори нек мебошад, аз беҳтарин андешаҳои хирадгароии инсонӣ тартиб ёфтааст. Нав шудани сол, анҷоми сардиҳо ва ба нуқтаи болотарини кайҳон баромадани офтоб, фарорасии баҳор, замони рӯишу сабзишу шукуфтанҳо, ҷилои ҳазорон рангҳои дилрабо, болидани замин барои ба синаи худ ҷой дода тавонистани тухму донаҳо ва ба ин муносибат аз дилҳо зудудани кудуратҳо, бахшидани гуноҳҳо, даъвати ҳама ба оромиву осудагӣ, меҳрубониву дӯстӣ, арҷгузорӣ ба хоку обу ҳавову оташ – ин чор сиришти зиндагисоз, ки гиромидошти онҳо мояи ҳастии инсонҳо мебошад, ҳамаро ба накӯкориву меҳрварзӣ даъват мекунад.
Ба пиндори мо чун Ҷамшед бунёдгузори Ҷашни хуҷастаи Наврӯз бошад, зиндашавии дубораи он ва гузашта аз ин пойдору устувор мондани он дар рӯзгорони мо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.
Перомуни арзишҳои баланди ҷашни Наврӯз донишмандон имрӯз ҷусторҳои намоён бурдаанд, аммо бояд гуфт васияти Ҳаким Фирдавсиро маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни дигар давлатдорону сиёсатмадорони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба таври шоиста пос доштаанд. Бо дидани бинои пуршукӯҳу пурнигору зарнигоре унвонии Кохи Наврӯз меҳмонони аз кишварҳои дигар ташрифоварда ангушти ҳайрат газидаанд. Дар ҳар ноҳияи мамлакат наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтаанд, ки пешинаи таърихии ин суннати бостонӣ чунин гиромидоштро ёд надорад. Бо ташаббуси Сарвари давлат навгониҳои зебову тозае ба ҷашнгирии Наврӯз афзуда шуданд. Пешниҳод гардид, ки дар корхонаву идораҳо аз сабзаву гулҳои рангоранг намоди арча ороста шавад. Дар ин пешниҳод нуктаи хирадмандонае ҷой дорад, ки ниҳоли арчаи боғ бурида нашуда, дар бозтоби шакли он аз гиёҳу гулҳои рангоранг кор гирифта шавад. Ба хотири сайри оммавӣ рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз дар кишвар истироҳати саросарӣ эълом гардидааст. Ҳамчунон, дастур дода шуд, ки барои ҷой додани туҳфаҳои кӯдакон халтаҳои ороишёфтаи коғазӣ бо сабти шодбошии наврӯзӣ таҳия намоянд.
Гулпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи даъвати мардум ба бозоварии хотираи таърихӣ, фарҳанги гумшудаи тоҷикон мебошад. Гулпарастӣ ба гумони ман давоми мантиқии танзими расму оинҳои мардумӣ, гурез аз ҷуфтҷӯйӣ бо хешовандон, бузургдошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва рӯ овардан ба китобхонӣ низ мебошад.
Гулпарастии тоҷиконро дар густариши косагулҳои наврӯзии чакан метавон дид; Гӯё офтоби ҷаҳоноро аз хандаи духтарони оростаи тоҷик ба домонашон пареш хӯрда, ҷаҳонро гулпӯш кардаанд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳар замоне бонувон ба рақс меоянд, аз остинҳояшон партави офтоб ба кишвар нурпошӣ мекунад. Дар пироҳани чакандӯзии бонувон таронаи хуррамиву озодии зани тоҷик суруда мешавад. Чакану атласи занони тоҷик Наврӯзро ҷилои хуррамиву фараҳмандӣ мебахшад. Ба онҳо занони дигари Шарқ бо чашмони чор менигаранд ва гӯё мегӯянд:
Ишқи ман, ангурҳо ҷӯшидаанд,
Духтарони шаҳр гул пӯшидаанд.
Бузургвори дигаре аз фаросӯи садсолаҳо гӯё ба кишвари Тоҷикистони озоду даҳрӣ нигариста, ба мардум паём мефиристад:
Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро,
Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро.
Зафар Мирзоён,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ