Наврӯз – нахустунсури фаъолияти инсон

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

Asozod Abau1tБо шарофати саъю кӯшиш ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии тоҷикон — Наврӯз эҳё гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид байналмилалӣ эълон шуд. Онро зиёда аз 300 миллион нафар дар кишварҳои гуногуни дунё дар ҳамоҳангӣ бо табиат ҷашн мегиранд.

Наврӯз муждаи баҳор буда, қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он эҳёи табиат, фарорасии киштукори деҳқон мебошад. Ин ҷашн аз ибтидо хислати кишоварзӣ дошт ва он бо шукуфоии табиат дар тасаввур яксон буда, ба замин неруи ҳаётбахшӣ медиҳад. Наврӯз ҷашнест, ки ба оламу ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногусастанӣ дошта, суннатҳои деҳқонии моро муаррифӣ менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон роҷеъ ба моҳият ва манзалати кишоварзӣ доштани Наврӯз фармудаанд: «Дар фалсафаи Наврӯз амали созандаву офаранда чун нахустунсури фаъолияти инсон шинохта мешавад, ки ҳунари кишоварзӣ баёнгари возеҳтарини он мебошад».

Хусусияти барҷастаи Наврӯз он аст, ки ба деҳқон кор фароҳам меорад. Дар ин айём деҳқон ба хотири серию фаровонӣ ба замин донаи умед мепошаду ниҳол месабзонад, ки диёр сарсабз шаваду ҳосили зиёд зам гардад.

Наврӯз, Меҳргон ва Сада се ҷашни миллии ниёкони мо ҳастанд, ки решаи ҳазораҳои таърихи сарзамини моро бозгӯ буда, новобаста аз нажод, мазҳаб ва қавмият дар саросари Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад. Ҷолиб он аст, ки ҳар як манотиқи Тоҷикистон бо расму русуми вижаи худ ин ҷашни бостониро таҷлил менамоем. Пайдоиши дақиқи Наврӯз дар ҳеҷ куҷо сабт нашудааст, аммо аксарият оғози Наврӯзро ба Ҷамшед, подшоҳи Пешдодӣ рабт медиҳанд. Ҷамшед одамонро аз чорводорӣ ба зироаткорӣ ҳидоят намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки чорводорӣ дар аҳди қадим таърихи пешинатар дорад. То ҳол пажӯҳишҳо дар бораи ба барзгарӣ то чӣ андоза рабт дош­тани Наврӯз кам аст.

Наврӯз барҳақ рӯйдоди осмонист ва тасхиргари қалбҳои инсонист ва шояд дар рӯи олам чунин ҷашне вуҷуд надошта бошад. Мутафаккири бузурги Машриқзамин Умари Хайём дар китобаш «Наврӯзнома» чунин навиштааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то ба Наврӯзи дигар умр ба шодӣ ва хуррамӣ гузорад».

Ҷашни Наврӯз айёме таҷлил мегардад, ки шабу рӯз баробар ва пирӯзии равшанӣ ба торикӣ, гармӣ ба сармо оғоз гардида, табиат, оламу одам дигаргун мешаванд. Мардум аз қадим дар арафаи ин ҷашн хонаҳоро таъмиру таҷдид ва покиза намуда, сарулибоси тоза пӯшида, ба аёдати маъюбу беморон ва пиронсолон рафта, ба камбизоатон кумак мерасонанд.

Ҳикмати дигари созандаи Наврӯз ин аст, ки ин мардум мекоранду барзгарӣ мекунанду беминнату сарзаниш мехӯранд, кинаю ғаразҳоро аз дил мебароранд, оғӯши сулҳу дӯстӣ боз мекунанд, бори дигар аз «Гуфтори неку кирдори нек ва пиндори нек» ёдовар мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки аз Наврӯзи соли гузашта то Наврӯзи имсол кишоварзони ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти соҳа зиёд ва таъминоти мардум бо ғизо беҳтар гардида, содироти меваю сабзавот афзуд.

Дар ин давра олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ ба дастовардҳои муайян соҳиб гардиданд. Олимони муассисаҳои илмии академия соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 13 патенту шаҳодатномаи муаллифии ихтироот, 6 хабарнома барои натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ ва 3 арзнома гардиданд.

Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахтаи навъи «Файзи Сомон», ҷуворимаккаи навъи «Шараф-19» ва ангури навъи «30-солагии Истиқлол» ноҳиябандӣ гардида, 7 навъи зироати кишоварзӣ ва навъи дарахтони мевадиҳандаю ангур аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул шуд.

Беш аз 500 тухмии навъу намунаҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, растаниҳои шифобахш ва намудҳои гандуми ёбоӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ба захирагоҳи Маркази захираҳои генетикӣ ворид шуда, дар маҷмӯъ номгӯи тухмии ­навъу намунаҳо ба зиёда аз 13 ҳазор расид.

Ҳоло навъҳои ватании зироатҳои кишоварзӣ аз 40 то 80 фоизи майдони кишти ҷумҳуриро ташкил намуда, барои зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати соҳа мусоидат менамоянд.

Олимони самти чорводории академия дар натиҷаи меҳнати самарабахшу тӯлонӣ зоти алои сершири тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ ва типи занбӯри асали тоҷикиро офариданд, ки онҳо бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Саршумори зиёди онҳо дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ парвариш мешаванд.

Олимони академия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ зиёда аз 20 пешниҳодро доир ба ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи рушди илму истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ирсол намуданд. Инчунин, бо мақсади васеъ татбиқ намудани дастовардҳои илму технологияҳои инноватсионӣ зиёда аз 590 кори илмӣ, 34 китобу монография, 38 тавсияю дастур нашр намуда, 72 машварату конференсияҳо баргузор намуданд.

Аз файзу қудуми Наврӯз ҳоло Тоҷикис­тони биҳиштосо дар фазои тантанаҳои баҳори нозанин ғарқ аст. Боришоти пай дар пай, сабзу хуррам шудани дашту даман ва гулрез гаштани дарахтон нишони бофайзу баракат омадани баҳори имсола ва фаровонии ҳосил мебошад. Дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ киштукори зироат оғоз гаштааст.

Бо назардошти он ки Наврӯз муждаи баҳору оғози киштукори кишоварзон мебошад, олимони соҳа тамоми неру ва қувваи зеҳниро барои такмили пешбурди илмии соҳа, баҳри зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат сафарбар карда истодаанд.

Нуралӣ АСОЗОДА,

президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,

академик