Наврӯзи Аҷам зи кӯҳсорон омад,
Бо мушку насими баъди борон омад.
Дар пираҳани сабзи арӯсии базеб,
Бо мӯи кушодаи гулафшон омад.
Бе лаъли лабони ту нашуд ком асал,
Бе гармии рӯи ту нашуд ҷом асал.
Бе хандаи ширадори хуршедии ту
Наврӯз нашуд барои илҳом асал.
Лабҳои тари ту лолахун аст, аҷаб,
Рухсори маҳи ту лолагун аст, аҷаб.
Дар ҳар тарафи ба чашми ман зебанда,
Хушрӯ нигарӣ, лола фузун аст, аҷаб.
Наврӯз расиду мо ҷавонӣ дорем,
Монанди баҳор шодмонӣ дорем.
Пирем, ҷавонем, хурӯшем фузун,
Дар мулки умед зиндагонӣ дорем.
Рӯзи наву навбаҳор, хуш омадаӣ,
Эй булбули шохсор, хуш омадаӣ.
Хуш омадаӣ, таронаи обаки ҷӯ,
Эй дилбари дар канор, хуш омадаӣ.
Бар саргаҳи чашмасор омад гули ман,
Шӯридаю беқарор омад гули ман.
Дар роҳи гузар бод гулафшонаш буд,
Бо накҳати навбаҳор омад гули ман.
Аз талъати лола рӯи ту сурх шуда,
Ангушти ду дасту мӯи ту сурх шуда.
Дидам, ки лаби анории ширинат
Аз шарбати гуфтугӯи ту сурх шуда.
Як сӯ гули бодом аст, як сӯ гули бед,
Гул ранг занад, ранг занад сурху сафед.
Хуршед ҳамеша дар паи маҳтоб аст,
Хуршеди раҳи умеду мо ҳам ба умед.
Ҷӯрабек МУЪМИН