Хушпову қадам наврӯз

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

Сад шукр, ки боз омад хушпову қадам Наврӯз,

Хушнағмаву соз омад барҳамзани ғам Наврӯз.

 

Тафриқаи хору гул бардошта шуд аз байн,

Тарсову мусулмонро овард ба ҳам Наврӯз.

 

Сад тавбаи обидро як мавҷи нигаҳ бишкаст,

Орост гулшанро монанди санам Наврӯз.

 

Бар синаи сармо зад зарнайзаи хуршедаш,

Рондаст зимистонро аз пуштаву ҳам Наврӯз.

 

Зад ҳамчу қаламзанҳо бар пираҳани саҳро,

Нақше, ки кунад сеҳрат бо сеҳри қалам Наврӯз.

 

Аз оби чоҳи Замзам маст аст агар ҳоҷӣ,

Ман мастаму мадҳушам аз замзами Ҷам-Наврӯз.

 

Зебо чун зани тоҷик, атласбадани тоҷик,

Дар тан чакани тоҷик зебои ҳарам Наврӯз.

 

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, Наврӯз ҷаҳонӣ буд,

Чун ҳикмати зардуштӣ, чун шеъри Аҷам Наврӯз.

Алимуҳаммад МУРОДӢ,

Шоири халқии Тоҷикистон