Зулхумор Иброҳимова аз зумраи ҳунармандоне мебошад, ки умри пурбаракати хешро рӯи саҳнаи ҳунар сипарӣ намудааст, нақшҳояш мондагору дилпазиранд. Дар арафаи Наврӯзи фархундапай хабарнигори мо ба аёдати ҳунарманд шитофт.
- Тӯли фаъолият рӯи саҳнаи ҳунар нақшҳои зиёд, аз ҷумла нақши модарро иҷро намудед. Ҳангоми иҷрои нақши модар шуморо чӣ эҳсос фаро мегирад?
- Модар олами дигаре дорад, қалбаш саршор аз меҳру муҳаббат аст. Парвардигор танҳо ба мо — модарон ин рисолати бузургро вогузоштааст, ки онро бояд иҷро намоем. Вақте нақши модарро меофарам, ин ҳамаро ба назар мегирам. Образи модарро офаридан осон нест. Модар саропо дард аст. Бояд дарди модар, эҳсоси модарро дарк кунем. Образи модарон дар нақш якхела нест, онҳо низ гуногунхислатанд. Касе нақш меофарад, ин ҳамаро бояд ба назар гирад.
- Ин нақшҳоро ба шумо коргардонҳо бовар мекунанд ё худатон интихоб мекунед?
- Интихоби коргардонҳо мебошад. Ба андешаи ман, ҳунарпеша бояд аз уҳдаи офаридани ҳама гуна нақшҳо баромада тавонад. Вақте нақши модари меҳрубонро мебозам, бо муҳаббати зиёд ба ман муносибат мекунанд. Аз он хурсанд мешавам, ки тавонистам бо ҳунару маҳорати худ дар дили мардум ҷо шавам. Онҳо маро бештар баъд аз нақшофарӣ дар намоишномаи «Садо аз тобут» шинохтанд. Дар филме, ки Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо номи «Муҳаббат» намоиш дод, нақши хушдомани бадҷаҳлро иҷро карда, муваффақ шудам.
-Чӣ боис шуд, ки ҳунарпеша шавед?
- Апаам, ки аз ман ду сол калон буд, дар 14-солагӣ бемор шуда, аз дунё гузашт. Ин зарбаи сахт барои волидонам буд. Мутаассифона, ман ҳам дар ҳамин син бемор шудам. Волидонам хеле талош карда, маро табобат карданд. Аз ин хотир мехостам, ки духтур шавам, аммо қисмат маро рӯи саҳна овард. Ҳунарпешаи шинохта Фотима Ғуломова сабаб шуд, ки ҳунарманд шавам. Ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи давлатии санъат супурдам. Баъд аз як соли таҳсил дар Душанбе, соли 1971 таҳсилро дар шаҳри Москва идома додам. Дар синамо устоди ман Сергей Бандарчук буд, ки барои ба камол расиданам саҳми зиёд дорад. 48 сол мешавад, ки дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекунам ва 70 нақши хурду бузургро бозидаам.
Марҷонаи ЮСУФ,
«Садои мардум»