Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022»-ро баррасӣ намуда, бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:
1. Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» ба маълумот гирифта шавад (замима мегардад).
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати тақвият бахшидани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо тадбирҳои дахлдор андешад;
- назорати прокурориро дар самти таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғону маъюбон, пурзӯр карда, ҷиҳати сари вақт ва пурраву ҳамаҷониба баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва қабули онҳо аз ҷониби шахсони мансабдор таваҷҷуҳи хоса диҳад;
- фаъолиятро оид ба назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи манзил, меҳнат, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва дигар бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ таҳким бахшад;
- бобати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти идора ва ихтиёрдории моликияти давлатӣ, буҷет, андоз, нақлиёт, гумрук, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳимояи рақобат ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳифзи муҳити зист, тадбирҳои иловагӣ андешад;
- назоратро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла, истифодаи самараноки заминҳои корам, пешгирии изофанависии майдони кишт ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини сифати озуқаворӣ, бахусус маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва доруворӣ, инчунин танзими нарх дар бозори истеъмолӣ ҷоннок намояд;
- риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои роҳ надодан ба қабули қарорҳои ғайриқонунӣ, бахусус вобаста ба замин ва шаҳрсозӣ, чораҳои эътиноии прокурориро таҳким бахшад;
- бо таваҷҷуҳ ба вазъи сейсмикии минтақа, ҷиҳати риояи ҳатмии қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ, аз ҷумла таъмини иҷрои қоидаву меъёрҳо ва сифати кору масолеҳи сохтмонӣ, чораҳои назоратиро пурзӯр намояд;
- дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаро бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, дахлнопазирии ҷинсӣ, иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ, дигар ташкилоту ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо, таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар ва ҷиноятҳои киберӣ, тақвият диҳад;
- якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои дахлдор муқовимат ба коррупсияро дар мақомоту сохторҳои давлатӣ, бахусус гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои кишвар, таҳким бахшида, дар ҳамкорӣ бо Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандони мақомоти судӣ ва қабули санадҳои судии хилофи қонун чораҳои таъхирнопазирро амалӣ гардонад;
- ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои беасос оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ дастгир, ҳабс ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс, шиканҷа ва истифодаи дигар амалҳои ғайриқонунӣ, назорати прокурориро дар самти риоя ва иҷрои қонунгузории моддиву мурофиавӣ аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳким бахшад;
- иштироки прокуроронро дар мурофиаҳои судӣ ба таври самаранок таъмин карда, фаъолиятро ҷиҳати таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми қабули санадҳои судӣ ва барқарор намудани зарар ҷоннок намояд;
- назорати риоя ва иҷрои қонунгузориро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии содиршавии ҷиноят ва амалҳои ғайриоинномавии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор:
- таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалияи дигар давлатҳоро дар масъалаи татбиқи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ — ҷиноятӣ нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон содир кардаанд, мавриди омӯзиш қарор дода, дар ин самт ҷиҳати такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешад;
- бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба коррупсия зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ, таҷрибаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро омӯхта, ҷиҳати муайян ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва такмили қонуни мазкур чораҷӯйӣ намояд.
4. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои қарори мазкур моҳи июли соли 2023 ва моҳи январи соли 2024 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 380