1 апрели соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти оби полезиро ифтитоҳ карданд.
Хатти оби полезӣ, ки масофаи он 1,3 километрро ташкил медиҳад, аз пойгоҳи обкашии ба номи “Қоҳиров” ба минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки заминҳои минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бо сабаби набудани оби полезӣ солҳои зиёд аз истифода берун монда буд. Дар асоси дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои мавзеъи Рухак марҳила ба марҳила ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида истодааст.
Бино ба маълумоти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминҳои ин мавзеъ зиёда аз 2000 гектарро ташкил медиҳад. Аз масоҳати умумӣ, бештар аз 1000 гектараш заминҳои корам мебошад.
Бо бунёди хатти нави оби полезӣ ва таҷдиду навсозии пойгоҳҳои амалкунанда, ки тибқи маълумот солҳои 70-ум, 80-уми асри гузшта сохта ба истифода дода шудаанд, ҳолати обёрии боз 1000 гектар заминҳои корами минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтару хубтар мегардад.
Зимни муаррифии “Нақшаи таъминоти оби полезии минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои пойгоҳҳои обкашии ба номи “Қоҳиров”, “Фарҳод-3”, “Юбилейний-1 ва 2” дар маҷмуъ 8 агрегати нав харидорӣ гардида, оянда бо иҷрои тадбирҳои иловагӣ фаъолияти мунтазами иншооти иригатсионии ин мавзеъ таъмин ва мушкилоти солҳои қаблӣ куллан бартараф карда мешавад. Заминҳои ин минтақаи Рухак асосан ба воситаи ҳамин 4 пойгоҳ обёрӣ мегардад ва ба ду қисм тақсим шуда, дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов воқеъ мебошад.
Дар минтақаи Рухак кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бо беҳтар гардидани вазъи обрасонӣ ҳамасола майдони боғу токзорҳои нав ва заминҳои киштро васеъ менамоянд. Аз ҷумла, соли равон кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар минтақаи Рухак зиёда аз 50 гектар боғоти бодом, олуча, хуч, олу ва бештар аз 2 гектар токзори нав бунёд карданд.
Дар ин рӯз дар минтақаи Рухаки ноҳия Ҷаббор Расулов низ хатти нави оби полезӣ ба истифода дода шуд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти оби полезӣ, ки масофаи он аз пойгоҳи обкашии “Деҳмой-4” то минтақаи Рухак 828 метрро ташкил медиҳад, зиёда аз 500 гектар замин шодоб мегардад. Ба воситаи пойгоҳи обкашии “Деҳмой-4” 117 гектар заминҳои минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ обёрӣ мегардад.
Баъди ба истифода додани хатти оби полезӣ ва шиносоӣ бо нақшаи обёрии пурраи заминҳои минтақаи Рухак, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи нави бодом, ки бо саҳми Хоҷагии ёрирасони “Пойгоҳи газпуркунии нақлиёти Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардидааст, дидан намуданд.
Масоҳати боғи мазкур 5 гектар буда, дар ин ҷо асосан 3 намуди ниҳоли дарахтони серҳосилу ба иқлими маҳал тобовари бодом шинонида шудааст. Хоҷагидорон боғи бодомро асосан дар заминаи боғоти кӯҳнаи зардолу, ки бо гузашти солҳои зиёд ҳосилнокии дарахтонаш кам гардида буд, бунёд намуданд ва баъди ду-се сол аз самараи он баҳра мебаранд.
Барои бунёди боғ ниҳоли дарахтони бодом, ки дар маҷмуъ 2 ҳазору 400 бехро ташкил медиҳад, аз Корхонаи воҳиди давлатии фаръии “Ниҳолпарвар”- и ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастрас гардида, бо маслиҳати олимони соҳа шинонида шудааст.
Истифодаи самараноку оқилонаи замин, ки яке аз таъкидҳои доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, дар байни қатори ниҳоли дарахтони боғи нав ҷав кишт карда шудааст ва оянда хоҷагидорон бо гирифтани ҳосили дилхоҳ аз ин ҳисоб низ манфиати иқтисодӣ мебинанд.
Таъкид гардид, ки дар минтақаи “Рухак”-и ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо обёрии пурраи замини талу теппаҳо имкон фароҳам мегардад, ки масоҳати майдони кишти зироат ва боғу токзорҳои нав ба зиёда аз 3 ҳазор гектар расонида шавад. Бо обёрӣ гардидани заминҳои ин минтақа ҳамчунин садҳо нафар соҳиби ҷойи кор гардида, дар бозори истеъмолӣ фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мегардад.