Агар хомӯш биншинем, гуноҳ аст

Аз таълими ғайриқонунии динӣ то терроризм

№50 (4633) 07.04.2023

Q_R5ChVKlRml3tKGh9ARAJJB2A-qdXNQdbRE9thTIdMpJxrblx5gC_jWsVarzFl8F9ObQO1bybgxJn--u0hygjJRWXHGuQ4qbGzPE-d-bNoШояд баъзеҳо ин масъаларо ҷузъӣ пиндоранд, вале содир гардидани амалҳои террорис­тӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар шаш кишвар, аз ҷумла Франсия, Федератсияи Россия, Белгия, Туркия ва бонги изтироб задани созмонҳои мазҳакаофару гурӯҳу ашхоси ҳавасманд бинобар зуҳури терроризми «тоҷикӣ» аз ҳар яки мо андешидани тадбирҳои бетаъхирро тақозо менамояд.

Пеш аз ҳама, бояд ҷиддӣ андешем, ки кадом омилҳо замина барои зуҳури терроризми «тоҷикӣ» шуданд? Бо истинод ба натиҷаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ки тибқи он, 90-95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд, посухи савол мушаххас аст. Ба ибораи дигар, рӯи кор омадани терроризми «тоҷикӣ» самараи ниҳоии таълими ғайриқонунии динӣ мебошад, ки бо мусоидати доираҳои манфиатдор имконпазир гардид.

Ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили таълимоти динӣ гирифтани ҳамватанонамон нестам. Бароямон хушоянд аст, ки раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон, боис гашт, то шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд. Эълони озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, бунёди масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ ва ғайра сабаб гардиданд, ки таваҷҷуҳи мардум ба дин тамоюли афзоишро касб намояд.

Дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, эълон шудани Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик ва аксар мусулмонони ҷаҳон — Имоми Аъзам (р), ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани «Қуръон»-и карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни «Қуръон», ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин» ва ғайра барои гирифтани таълими динӣ заминаи мусоид фароҳам намуд.

Муҳимтар аз ҳама, соли 2019 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид, ки мақсаду вазифа ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян ва танзим менамояд.

Манзури мо таълими ғайриқонунии динӣ мебошад, ки асосан дар манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Пайомади ногувори ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб шудани насли наврас бениҳоят зиёд буда, тамоюли хурофотӣ ва ғайриилмӣ гирифтани ҷаҳонбинии насли наврас ва аз дастовардҳои илму техника, омӯзиши фанҳои дақиқ ва умуман, рушду тараққиёт қафо мондани ҷомеа ибтидои ин раванд буд.

Сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахус­тин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ маҳсуб шудани таълими зикр­шуда идомаи мантиқии ин раванд буда, он ҳамзамон таҳрикдиҳандаи сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мондааст.

Омили дигари тавсеабахши ин раванд майлу рағбат доштани дастандаркорони баъзе саҳифаву гурӯҳҳои фейсбукӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ барои зиёд намудани шумораи аъзо ва бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт мебошад. Нигаронкунанда он аст, ки бинобар берун аз назорат будани фазои таълими динӣ дар интернет, равияҳои гуногуни барои муҳити динии Тоҷикистон ғайрианъанавӣ, аз ҷумла салафия, низ таблиғ мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар давраи мавриди назар 4334 пайрави равияи салафия дастгир шуданд. Бар замми ин, 36 ячейкаҳои ибтидоии террористӣ ошкор гардида, фаъолияти 12 матбааи ба нашри матолиби моҳияти террорис­тӣ ва экстремистидошта машғул қатъ карда шуд.

Зимни ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» дар Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 15-уми марти соли 2023 зикр шуд, ки соли 2022 таълими ғайриқонунии динӣ дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Кӯшониён, Вахш, Нуробод, Рашт, Файзобод, Тоҷикобод, Роштқалъа ва Шуғнон зиёдтар ошкор шудааст. Прокурорҳо дар ин самт 1133 санади эътиноӣ бароварда, нисбат ба 110 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 2019-2021 дар кишвар 2000 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ шуда буд. Омори баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар самти таълими ғайриқонунии динӣ шаҳодати ташвишовар будани вазъ дар ин самт мебошад. Чунончи, аз ҷониби мақомоти ваколатдор соли 2017-ум 29 парванда, соли 2018 — ум 43, соли 2019 -ум 102, соли 2020 -ум 208 ва соли 2021- ум 284 парванда оғоз шуда буд.

Тамоюли коҳишёбиро касб намудани содиршавии чунин ҷиноят дар қиёс ба солҳои 2020 — 2021 натиҷаи тадбирандешии сохторҳои марбута — таҳия, қабул ва ҷонибдории қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки дар онҳо ҷавобгарӣ барои таълими ғайриқонунии динӣ меҳвар аст, ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки охири соли 2021 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав — 334 ишораи 1 «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ» ворид гардид, ки ба чунин мазмун ифода ёфт: «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надош­та бошад ва дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда (баробар ба 48000 то 72000 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад».

Инчунин, ба қисми 5 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро танзим намудааст, пас аз рақамҳои «298-313,» рақами «334» ишораи 1 илова гардид, ки минбаъд тафтиши пешакии парванда оид ба ҷинояти дар моддаи 334 ишораи 1 (ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, аз тарафи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷузъи ин раванд ба ҳисоб рафта, бо мақсади такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мавриди амал қарор гирифт.

Вобаста ба ин, дар моддаи 474 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҷарима мутаносибан баланд бардошта шуда, моддаи 474 ишораи 2 бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои машғул шудан ба таълими ғайриқонунии динӣ дар таҳрири нав пешбинӣ гардида буд.

Тибқи «Индекси ҷаҳонии терроризм», ки чанде пеш аз ҷониби Институти австралиягии иқтисодиёт ва сулҳ (IEP) рӯнамоӣ гардид, соли 2022 дар миқёси олам 3955 амали террористӣ содир шуда, чор сол аст, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон дар ҷойи аввал қарор дорад. Соли гузашта дар ин кишвар 225 амали террористӣ содир гардида, 633 нафар кушта шуданд. Буркина-Фасо аз лиҳози содиршавии чунин амалҳо дар ҷойи дуюм буда, Сомали, Мали, Сурия, Покистан, Ироқ ва Нигерия мақомҳои баъдиро соҳибанд. Боиси таассуф аст, ки ба ин кишварҳо 85 фоизи амалҳои террористии дар ҷаҳон содиршуда рост меояд.

 Ба назари коршиносони «IEP», ташкилоти аз ҳама хуношом ДИИШ, «Ҳаракат аш-шубоб» (Сомали), «Лашкари озодибахши Белуҷис­тон» (Ҷумҳурии Исломии Покис­тон) «Ҷамоат нусрат ал-ислом. вал-муслимин» (Африқои ҷанубӣ) ба ҳисоб мераванд. ДИИШ ҳашт сол аст, ки дар ин самт бо амалҳои даҳшат­афканиаш маълум буда, аъзои он соли гузашта 410 амали террористӣ содир карданд, ки боиси ҳалокати 1045 нафар гардид.

Дар индекси мазкур Ӯзбекистон дар ҷои 70, Украина — 73, Тоҷикис­тон — 50 ва Федератсияи Россия дар мақоми 45 — ум қарор доранд. Ташкилоти зикршуда аз соли 2007 инҷониб индекси фавқро нашр намуда, дар пойгоҳи он маълумот дар 66 амали террористӣ, ки солҳои 2007 — 2022 содир шудаанд, мавҷуд аст.

Кишвари мо низ аз ин раванд эмин набуда, омори дастрасшуда аз фаъолияти назарраси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин зикр шуд, ки соли сипаришуда 1197 ҷинояти хусусияти террористӣ — экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 — ум 222 адад ё 18,5 фоиз зиёд мебошад. Аз он ба ҷиноятҳои террористӣ 37 адад, хусусияти террористӣ — 308, экстремистӣ — 790, хусусияти экстремистӣ 62 адад рост меояд.

Маълум гардид, ки соли 2022 дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ 97 нафар, аз ҷумла 18 ҷинояткори дар кофтукови байналмилалӣ бо ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террорис­тӣ қарордошта, ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Илова бар ин, 398 парвандаи ҷиноятии характери экстремистӣ-террористидошта нисбат ба 614 нафар ба суд ирсол шуда, гунаҳгорон ба ҷазоҳои гуногун маҳкум гардидаанд.

Мутаассифона, ҳоло низ баъзе шаҳрвандон хавфу пойомади терроризму экстремизмро пурра дарк накарда, ба он аз паси панҷа менигаранд. Маҳз муносибати дуюм­дараҷа ба масъалаи мазкур боис гардидааст, ки имконияти фароҳамшуда аз ҷониби нотавонбинони давлат ва миллат суиистифода шуда, дар ин замина таассуб, хурофот ва ифротгаройӣ ривоҷ ёбад. Ҳамватанонамон бояд дарк намоянд, ки ҳамкории самарабахши давлат ва ҷомеа дар мубориза бо терроризму экстремизм унсури муҳими таъмини субот ва рушди мамлакат буда, бетафовуту бетараф набудани ҳар кадоми мо зарур ва ногузир аст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»