Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Ин ҷашн бо баробаршавии шабу рӯз, нахустин рӯзи баҳор – рӯзи якуми моҳи Фарвардин ва оғози солшумории хуршедӣ, фаро мерасад. Дар бораи пайдоиши ин ҷашни бостонӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ», «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Нахбат-уд-даҳр»-и Димишқӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ маълумот дода шудааст. Аз ҷумла Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ҳамчун иди расмӣ таҷлил намудани Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳад:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар-он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз,
Бар он тахт биншаст фирӯз рӯз.
Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» ном китобаш чунин нигоштааст: «Наврӯз нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».
Дар маҷмӯъ, фалсафаи Наврӯз ин оғози ҳаёти нав, рӯзи нав, рӯҳияи наву тоза, зиндашавии табиат ва оғози мавсими киштукори баҳорӣ мебошад. Мувофиқи ривоёти таърихӣ, шоҳи одил — Куруши Кабир Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон намуда, ба иҷрои амалҳои нек, аз қабили кумак ба маъюбон, эҳдои туҳфа, бахшиши маҳкумон, поксозии маконҳои ҷамъиятӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва ғайраҳо иқдом менамуд.
Ҳамчунин, дар арафаи ин ҷашни бостонӣ бахшиши ҳамдигар, кинаву кудуратро аз дил дур намудану шодмонӣ кардан низ ҳикмати бузург дорад. Чунончи, Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-аш чунин зикр кардааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ бипайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузаронад».
Дар оғози пайдоиши ҷашни хуҷастаи Наврӯз онро 30 рӯз, яъне як моҳ ҷашн мегирифтанд. Омодагӣ ба ҷашни Наврӯз хеле пештар аз фарорасии он шурӯъ мегардид. Масалан, гузоштани сабзаи суманак, ки гандумро тар карда, барои сабзидан мегузоштанд, 25 рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз оғоз меёфт. Тавре маълум аст, суманак яке аз ғизоҳои хоси наврӯзӣ буда, то имрӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз онро бо ҳамин ном мепазанд. Пухтани он низ як маросими фараҳбахш буда, таронаи хоси худро дорад.
Бо мурури замон муддати ҷашнгирии Наврӯз танзим шуда, дар давраи Сосониён шаш рӯз муқаррар гардид. Мувофиқи гуфти Абурайҳони Берунӣ, таҷлили Наврӯз чунин тақсимбандӣ шуда буд:
- рӯзи якум — аз тарафи шоҳ қабулу пазироии мардум новобаста аз табақаи иҷтимоиашон;
- рӯзи дуюм — пазироии мансабдорону давлатмандон (волию ҳокимони мулкҳои тобеи шоҳони Сосонӣ);
- рӯзи сеюм — пазироии ходимони динӣ;
- рӯзи чорум — қабули аҳли дарбор, дабирон ва кормандони девону дарбори шоҳони Сосонӣ;
- рӯзи панҷум — пазироии фарзандон, хешу ақрабо ва наздикон;
- рӯзи шашум — ҷашни хосаи Наврӯз аз тарафи худи шоҳ, ки «Наврӯзи бузург» номида мешуд.
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» аз ин хусус чунин навиштааст: «Рӯзи панҷуми ҷашн (Исфандормуз) ҷашни занҳо ҳисоб мешуд. Ва дар ин ид мардон ба занон бахшиш менамуданд». Ин расм дар Исфаҳон боқӣ монда, ба форсӣ онро «муждагирон» мегӯянд.
Дар давраи Сомониён Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мешуд. Рӯзи якум бо номи «Наврӯзи кишоварзон» ва рӯзи панҷуми он бо номи «Наврӯзи муғон» маълум аст. То ҳоло дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон маросими «Ҷуфтбаророн» маъмул аст, ки дар он Бобои деҳқон дар доман гандум гирифта, донаҳои гандумро ба замин мепошаду шахсе бо юғу испор онро зери хок мекунад. Пирони рӯзгордида дуои хайр мекунанду бо ҳамин мавсими нави киштукор оғоз меёбад.
Бисёре аз суннатҳои наврӯзии мардуми мо гарчи аз ёдҳо рафтаанд, вале вижагиҳои дигари он дар бархе музофоти Тоҷикистону Эрону Афғонистон нигоҳ дошта шудааст. Чунончи, дар баъзе ҷойҳо то ҳол расми «Чаҳоршанбеи сурӣ», яъне гулхан афрӯхтану аз болои он паридан вуҷуд дорад. Ё расми дигари идӣ он аст, ки ҷавонон ба хонаи ҳамдигар рафта, аз равзани болои бом шоли дарозеро ба саҳни хона поин мекарданд ва соҳиби хона ҳадяеро дар шол мегузорад.
Дар бархе музофоти Варорӯд ва Эрону Хуросон ҳанӯз ҳам чунин расм ривоҷ дорад, ки духтари номзад барои домод ҷӯроб мебофад ва рӯзи чаҳоршанбеи сурӣ, чун домод аз равзани бом шолро поин мекунад, дӯшизаи номзад ба шол ҳадяи омодакардааш, яъне ҷӯроби бофтаи худро мегузорад.
То ҳанӯз дар миёни мардуми мо рӯзи чоршанбе рӯзи муродбахш дониста шуда, аксар корҳои некро дар ин рӯзи ҳафта оғоз мекунанд.
Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии миллиамон, бинобар ҳикмату фалсафаи бузург доштан, аз ҷониби дигар халқу миллатҳои ҳамсоя низ пазируфта шуд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намудаанд: «Наврӯз дар тасаввур ва оини миллати қадимаи мо, умуман нажоди ориёӣ, иди пирӯзии нур ба зулумот ва тантанаи некӣ ба бадӣ аст. Наврӯз, ки як иди хеле табиист, на танҳо ба дили мардумони ориёӣ, балки дар қалби халқу миллатҳои дигар ҳам ба таври ҷовидонӣ маскан гирифтааст. Ин яке аз далелҳои равшани нақши тамаддунсози миллати куҳанбунёд ва фарҳангии мост».
30 — юми сентябри соли 2009 бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон, Афғонистону Туркия ва як қатор кишварҳои ҳамсоя ҷашни Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии фарҳанги башарӣ дохил карда шуд. 19 — уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 — уми Маҷмаи умумии СММ Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.
Таҷлили Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ шукӯҳу шаҳомати тоза гирифт. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 — юми августи соли 2011 ҳангоми ҷашнгирии Наврӯз чаҳор рӯз (21-24 март) расман истироҳат эълон шудааст.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо риояи расму оини суннатӣ таҷлил мегардад. Дар ин ҷашн мусобиқаҳои варзишию чорабиниҳои фароғатӣ, ба монанди гӯштингирӣ, бузкашӣ, буҷулбозӣ, тухмбозӣ, бандкашӣ, аспдавонӣ ва ғайраҳо баргузор мегарданд.
Он ифодаи сулҳу ваҳдат дар мамлакат, тараннуми хушрӯзию баракат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Амонулло ХАЙРУЛЛО,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия