Баъд аз ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» таҳти №541 аз 1-уми марти соли 2023, якуми апрели соли ҷорӣ сафарбарнамоӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
ДУШАНБЕ. 1-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва падару модарони даъватшудагон иштирок карданд.
Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода миннатдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ҷавонони даъватшуда ва волидайни онҳо расонид.
Дар рӯзи аввали даъват 353 ҷавон ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, ки 22,8 фоизи нақшаи даъватро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳамоиш ба даъватшудагоне, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.
Дар идома намоиши машқҳои ҳарбию варзишӣ аз ҷониби сарбозон ва аз тарафи дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳод гардид.
ВМКБ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин мавсим низ аввалин шуда, нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар як рӯз иҷро намуд.
Якуми апрел дар шаҳри Хоруғ маросими гусели навдаъватшудагон ба хизмати Модар — Ватан доир шуд.
Ҷамъомадагон аз назди Боғи Ғалаба то майдони Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо Парчами давлатӣ, нишону аксҳои қаҳрамонони миллат ва дигар шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Модар — Ватан роҳ паймуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҳозиринро ба ифтихори «Рӯзи даъватшаванда» таҳният намуда, қайд кард, ки мардуми шарифи мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сипари боэътимодро мебинанд, ки аз дастовардҳои истиқлолият, марзу бум, арзишҳои волои миллӣ ва хоки муқаддаси Ватани маҳбуб ҳимоя менамояд.
- Дар маъракаи даъвати имсола зодагони вилоят ҳангоми гирифтани даъватнома ҳатто аз мамлакатҳои дигар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо озими Ватан гашта, дар сафи ҳомиёни содиқи Ватан қарор мегиранд, — тавзеҳ дод раиси ВМКБ.
Ҳамон рӯз теъдоде аз даъватшудагон, ки курси ронандагиро хатм намуданд, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуда, барномаи рангини фарҳангӣ бо рақсу таронаҳои ватандӯстона манзури ҳозирин гашт.
ХАТЛОН. Дар шаҳри Бохтар 3 — юми апрели соли равон маросими тантанавии гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Он рӯз аз назди Комиссариати ҳарбии вилоят то назди Қасри фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар бо Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои ватандӯстӣ роҳпаймоӣ доир шуд.
Сипас, дар Қасри фарҳанг бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чорабинӣ доир гардида, ба 1000 даъватшаванда туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим намуданд.
Дар фарҷом аҳли фарҳанги вилоят бо барномаи рангини фарҳангӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.
ДАНҒАРА. Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара нақшаи даъватро пурра иҷро кард.
Бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Данғара маросими тантанавӣ доир гашта, ҷавонон аз Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ба сафи артиш гусел шуданд.
Дар маъракаи гусели сарбозон зикр шуд, ҳар як ҷавони тоҷик вазифадор аст, ки ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ бошад, зеро ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст аст.
ФАРХОР. Якуми апрели соли ҷорӣ барои гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор маросими тантанавӣ доир гашт.
Бино ба иттилои масъулин, ноҳияи Фархор дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ нақшаро пурра иҷро намуд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонони ноҳия гувоҳи он аст, ки онҳо ҳимояи Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, омодагии хешро баҳри ҳифзи сарзамини аҷдодӣ исбот мекунанд.
Ҳамчунин, ба даъватшавандагоне, ки дар «Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа»-и ноҳия ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ ҷалб шуда буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
ВАХШ. Ин ноҳия низ дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нақшаро пурра иҷро кард. Дар ин робита бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, аъзои комиссияи даъват, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Ҳамчунин, ба 115 даъватшаванда, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
РАШТ. Дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм таҳти унвони «Мо — ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки ноҳияҳои Сангвор, Лахш ва Рашт 100 дарсадӣ ва Тоҷикободу Нуробод мутаносибан 103 ва 101 дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар ҷамъомади мазкур ба 130 нафаре, ки курси ронандагии «Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа» — ро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
ҲИСОР. Дар рӯзи аввали даъват шумораи зиёди ҷавонони бонангу номус ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир шуда, барои ба хизмати Ватан рафтан худро номнавис карданд. Дар натиҷа, 50 дарсади нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи аввали маърака таъмин гардид.
Субҳи якуми апрели соли равон ба хотири гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва комиссари ҳарбии шаҳр, подполковник Беҳрӯз Ҳафиззода наваскаронро барои роҳ ёфтан ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватани азизамон таманниёти нек намуданд. Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Сол аз сол зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, далели ин гуфтаҳост.
- Дар миёни даъватшудагон беш аз 30 ҷавон, фарзандони хизматчиёни давлатӣ, хатмкардагони донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар масъулон буда, бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд, — иброз дошт раиси шаҳр.
Сипас, ба 115 ҷавоне, ки мактаби ронандагии «Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагиро супорида, бо даъватшудагон дар иҷрои вазифаи муқаддас комёбӣ таманно карданд.
АЙНӢ. Якуми апрели соли 2023 гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии ноҳияи Айнӣ, ки низ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда буданд, ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ гирифтем, 76 дарсад аз шумораи умумии даъватшавандагон ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир гардида, дар рӯзи аввал 23 дарсад ба хизмат гусел карда шуданд. 53 дарсади дигар дар «Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа» таҳсил намуда, пас аз хатми он бо шаҳодатномаи ронандагӣ таъмин гардида, то охири мавсими даъват дар ду давра ба хизмати Модар — Ватан сафарбар мешаванд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
Муҳаммад ЗОКИР,
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
Машҳури ИМОМНАЗАР,
Диловари МИРЗО,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»