Таъмир ва барқарор намудани роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳри Ҳисор дар маркази диққати роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Соҳибкор Умар Кремлёв — шаҳрванди тоҷиктабори Федератсияи Россия дар суҳбат бо раиси шаҳр иброз дошт, ки бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст, як гӯшаи Тоҷикистон – Ватани аҷдодиашро обод намояд. Лоиҳаҳое, ки мехоҳад амалӣ намояд, азнавсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ аз гардиши шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода ва бунёди маркази бузурги савдою хизматрасонӣ дар маркази деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» мебошад.
Ин марди саховатпеша бунёди мактаби варзишӣ дар риштаи боксро дар минтақа ба уҳда гирифт. Дар навбати худ, раиси шаҳр Қосим Роҳбар ба номи падари ӯ — Назар Сафаров номгузорӣ шудани мактаби боксро пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки роҳ бо ҷалби ширкатҳои маъруфи роҳсозии кишвар азнавсозӣ гардида, дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»