3-юми апрели соли равон дар ноҳияи Панҷ сел омада, ба 100 хона, иншооти ёрирасони сокинон ва замини киштшуда зарар расонид.
Ҳодиса дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори деҳоти ба номи Сайфиддин Кабуди ноҳия ба вуқӯъ пайваст.
Сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов иттилоъ дод, ки барои расонидани кумак ба зарардидагон ва бартараф намудани оқибатҳои офат нерую воситаҳои зарурӣ сафарбар шуда, комиссияи вилоятӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъсис ёфт.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ 15 хонавода, ки дар наздикии селроҳаҳо зиндагӣ мекарданд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Айни замон барқарорсозӣ идома дошта, хисороти зарар аз ҷониби комиссия муайян гардида истодааст. Хушбахтона, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»