Онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маъраз гузоштанд
(21-24)-уми марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико силсилаи чорабиниҳое доир гардид, ки аз лиҳози моҳияту махсусият беназир буда, мақому манзалати бениҳоят баланд, обрӯву нуфузи хоса ва маҳбубияти бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба маърази ҷаҳониён гузошт.
Аз ҷониби дигар, силсилачорабиниҳои мавриди назар моҳиятан силӣ ба рӯи нотавонбинони давлат ва миллати тоҷик аст. Шаппотие, ки ин тоифаро ба ҳолати нокаут расонида, ба худ омаданашон дар гумон аст…
Манзури ман ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, чорабинии «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар», Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», чорабиниҳои канорӣ бо номи «Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об» ва «Харитаи роҳ барои соли 2025», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.
Дар бораи иштироку суханронии Подшоҳи Нидерланд, Президенти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ироқ, Президенти Ботсвана, Президенти Либерия, Президенти Словения, Сарвазири Тувалу, Сарвазири Намибия, Сарвазири Мали, муовинони сарвазирони Барбадос, Куба, Конго, Монтенегро, Эфиопия, Ветнам, 110 ҳайати расмии кишварҳои узви СММ бо роҳбарии вазирон, масъулини 100 созмони минтақавию байналмилалӣ, ташкили намоишгоҳҳои рамзӣ ҳамчун гузаргоҳ — нақби пӯшида ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, барномаи ҳунарии идонаи наврӯзии устодони санъат ва тақдими қуттии рамзии «Рӯзномаи амал оид ба об», бо тамоми уҳдадории кишварҳо ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Раиси Маҷмаи умумии СММ маълумоти муфассал аз ҷониби Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат расонаӣ гардида, такрору айнан нусхабардории онҳоро бе назару бардошт ва хулоса (ҳамон тавре ки аксарият карда истодаанд) ҷоиз намедонам.
Мухтасар мегӯям: Ифтихор кардам!
ДОНО ВА БА ГУФТАН ДАЛЕРУ ТАВОНО
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи қабул гардидани Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ва талошҳои мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодӣ бо истинод ба далелҳои муътамад сухан карданд.
Таъкид шуд, ки «ҳоло Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва мақсаду мароми нек дар фазои сулҳу субот, эҳтироми гуногунандешии сиёсӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушду таҳкими пайвастаи пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад». Аз дастгирии ташаббусҳои кишвари мо ёдовар шуда, Роҳбари мамлакат гуфтанд: «Мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор солҳои 2018 — 2028», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани санаи 21-уми март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳоро дар раванди ҳалли ин мушкилот бисёр муҳим медонем».
Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳро Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон муаррифии намунаҳои фарогири давраҳои муҳими таърихи давлатдории тоҷикон, фарҳанги ғаниву қадима, табиати зебову нотакрори давлат, захираҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъат ва ҳунармандиву меъмории мардуми тамаддунсози тоҷик номиданд.
САХОВАТ ВА МУРУВВАТ
Тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Дар ин маросим таъкид шуд, ки туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи нақши назаррас ва рамзи аҳамияти санъат дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.
Моҳияти туҳфаи мазкурро муфассал шарҳу тавзеҳ дода, Пешвои миллат гуфтанд, ки «Тоҷи кунгурадор бозёфти нотакрори таърихӣ буда, ба замони оғози ташаккулёбии халқи тоҷик — ибтидои давлатдории Кӯшониён рост меояд ва бо номи этникии «тоҷик» робитаи бевосита дорад. Реша ва асли калимаи «тоҷик» аз вожаи «тоҷ» ва маънояш тоҷдор, яъне давлатдор мебошад. Ин нигора, ҳамчунин, таърихи қадим ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷикро, ки аз замонҳои қадим дар рӯҳияи сулҳу субот ва ба таври осоишта бо тамаддуну миллатҳои дигар ҳамзистӣ доштааст, муаррифӣ мекунад».
Таъкид шуд, ки ин ҳадя, ҳамчунин саъю талоши ҳамаҷониба ва дастгирии мардуми тоҷикро аз ҳадафҳо ва арзишҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо дар заминаи эҳтироми усули баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо тавассути таърих, санъат ва маданият бозгӯӣ менамояд.
Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон низ ҷузъе аз саховату муруввати Пешвои миллат мебошад. Дар он ҳазорон нафар бо маҳсули дасти ҳунармандони хушзавқу хушсалиқаи тоҷик, аз ҷумла сарулибоси миллӣ, ҳунари кандакорӣ дар чӯб, оҳангарӣ, нонҳои хуштаъм, санъати рассомӣ, асбобҳои мусиқӣ, расму мусаввараҳо аз мавзеъҳои зебову нотакрори кишвар ва маҳсулоти аз сангҳои қиматбаҳои Ватан омодагардида шинос шуданд.
Муҳим он аст, ки ашёи дар намоишгоҳ гузошташуда бозгӯи фарҳангу тамаддуни ғанӣ буда, аз ҳунармандӣ, бунёдкорию ободгарӣ ва меҳнатдӯстии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад.
Барномаи ҳунарии идонаи наврӯзии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.
ТАҲЛИЛИ АМИҚ ВА ҲУШДОР
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки имрӯз масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об аҳамияти дучанд касб кардааст.
Президенти мо ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки «Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад. Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад».
Хотирнишон шуд, ки «Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор мегузоранд».
Ибтикори мазкур боис гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд. Вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди «иқтисоди сабз» ва тавлиди «энергияи сабз» низ дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсози одамони сайёра номида, афзуданд, ки мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.
Таъкид шуд, ки «Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад».
Бо натиҷагирӣ аз конфронс зикр шуд, ки ин оғози шоҳроҳи нави амалҳои мушаххаси мо мебошад ва бо неруи нав акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, изҳор доштанд: «Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню — Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем».
ДИПЛОМАТИЯИ ОБ. МАФҲУМЕ, КИ БА ШАРОФАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РӮИ КОР ОМАД
Ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба масоили об аз он ҷиҳат моҳияти хоса касб карда, мунтазам бо иттифоқи оро дастгирӣ меёбанд, ки кишвари мо бо вуҷуди эмин будан аз мушкилоти марбут ба об дар ин самт иқдом менамояд. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб, ки ба фазо газҳои гулхонаӣ ихроҷ наменамояд. Пешвои миллат, ҳамчун сиёсатмадори оянданигар, бештар аз дигарон медонанд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳамгироӣ омили бениҳоят муҳим буда, ҳеҷ кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти моҳияти глобалидоштаро ҳаллу фасл намояд.
Аз ҷониби дигар, мақсаду моҳияти ташаббусҳои Роҳбари давлати мо дар он зоҳир мегардад, ки мушкилоте, ки дар оянда мумкин аст домангири минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман ҷаҳони муосир гарданд, пешгирӣ шаванд. Ташаббусҳои Пешвои миллат — эълон кардани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» дар муддати нисбатан кӯтоҳ самар оварданд. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои марбут ба об бештар гардида, баргузор гардидани ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронсу симпозиум ва семинарҳо дар гӯшаю канори олам ба ҳукми анъана даромад.
Ба ибораи дигар, олам саҳнаи муносиби муколама барои ҳалли мушкилот дар соҳаи об шуд. Дар ин замина батадриҷ мафҳуми дипломатияи об рӯи кор омад. Аҳли сайёра дарк намуданд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, истифодаи усулҳои ҷадидро тақозо дорад.
Ба андешаи шахсияти маъруф Д. Р. Зиганшин, «ба таври анъанавӣ зери мафҳуми дипломатияи об нақши муайянкунандаро омили об дар сиёсати хориҷии давлатҳои назди соҳил мебозад, ки онҳо тавассути музокироти дутарафа ё бисёртарафа ҳалли мухолифатҳои вобаста ба онро миёни худ бартараф менамоянд». Дар Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар омадааст, ки «Тоҷикистон, чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад».
Соли 2016 дар саммити Будапешт Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар вазифаҳое, ки ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ворид гардидаанд, ҳамчунин ба «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» шомил карда шуданд. Баробари ин, талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об, бахусус, дар сатҳи фаромарзӣ, қайд кардан бамаврид аст. Возеҳ аст, ки имрӯз мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, ҳал кардан ғайриимкон аст. Мо мавқеи қотеъонаи худро нисбат ба мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълом карда будем ва бар он ақидаем, ки танҳо ҳамкорӣ ягона василаи оқилонаи ҳалли онҳо мебошад. Ҳамин аст, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба масъалаҳои дипломатияи об диққати хоса дода шудааст».
Дар дохили кишвар низ Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, як қатор барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ба беҳтар намудани ҳолати таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, вазъи мелиоративии замин, соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда рабт дорад.
Барномаҳои «Беҳтар намудани ҳолати таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ дар давраи солҳои 2007-2020», «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», «Барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии заминҳои обёришаванда барои солҳои 2010-2015», «Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» аз ҳамон ҷумлаанд. Инчунин, ба мақсади ҳалли саривақтии мушкилоти обрасонӣ дар кишвар «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» қабул гардид.
Ба ғайр аз ин, бо истинод ба натиҷаҳои таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ ва Барномаи рушди СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба мақсади таъмини аҳолии минтақа бо оби тозаи ошомиданӣ Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез созмон дода шавад. Ин иқдом дар баробари коҳиш додани норасоии оби ошомиданӣ дар минтақа имкон хоҳад дод, то хавфи рахна шудани сарбанди Усой бартараф ва аҳолии минтақа аз таҳдиди харобиовари он раҳо гарданд.
Хулоса, ба шарофати ташаббуси панҷуми Пешвои миллат ин раванд бемайлон идома ёфта, таваҷҷуҳи аҳли сайёра ба мушкилоти марбут ба об тамоюли афзоишро касб хоҳад кард. Муҳим он аст, ки кишвари мо дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ беш аз пеш саҳмгузор шуда, ба ин васила мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонад.
ҚАДРШИНОСӢ. ФАРҲАНГЕ, КИ АЗ ТАМАЛЛУҚУ МУБОЛИҒА ФАРСАХҲО ДУР АСТ
Бегуфтугӯ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу мадҳ ва ситоиш эҳтиёҷ надоранд. Ин Абармарди дунёи сиёсат дар қалби тоҷику тоҷикистониён маъво гирифта, бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, посдорандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, пуштибони манфиатҳои милливу давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои кулли шаҳрвандони кишвари азизамон эътироф шудаанд. Вале фарҳанги қадршиносӣ рисолати инсонӣ, қарзи виҷдон, оини ватандорӣ, салоҳияти шаҳрвандӣ бояд моро водор созад, ки ӯро ба таври бояду шояд арҷгузорӣ намоем.
Бо онҳое ҳамфикрам, ки андеша доранд: «Тасвири ҳамаҷонибаи корнамоии шахсиятҳои таърихӣ кори як шахс ва ҳатто як даврони таърихӣ нест. Нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале ғояашон таърихи ояндаро комил месозад».
Эътироф бояд кард, ки дар ин самт корҳои зиёд амалӣ шудаанд, вале бояд мадди назар дошта бошем, ки фаъолияти Пешвои миллат арзандаи садҳо достону ҳазорҳо мақолаву асарҳои илмиву оммавӣ ва ёддоштиву адабӣ аст.
Дар ин робита пешниҳод дорам, ки дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи алоҳида оид ба таҳқиқи фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бозгӯӣ намудани нақши ин Абармарди дунёи сиёсат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъсис дода шавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки соҳаҳои мухталифи илм низ аз ҷанбаҳои гуногун хизматҳои воқеии чунин шахсиятҳоро мавриди пажӯҳиш қарор дода, таъсири мусбати онҳоро дар масири таърих барои рушд, ваҳдат ва пешрафти миллату ҷомеаҳо ёдрас шуда, шинохт ва эътирофи онҳоро ба ҳайси «Пешвои миллат», «Падар — бунёдгузори давлат» ва монанди инҳо ба илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ворид кардаанд.
Қадршиносии хизматҳои Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан буда, бояд шурӯъ аз муҳити хонавода талқин гардад. Барои тақвияти андеша оид ба мақому манзалат ва нақши Пешвои миллат мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба нокифоягии далелу рақамҳо мувоҷеҳ намегардем. Ҳазорҳо далели вобаста ба ҷоннисорӣ, садоқат, самимият ва ҷасорати Роҳбари мамлакат мавҷуд аст, ки дар сурати истифодаи як қисмати он метавон афкори дилхоҳ нафарро ба самти мусбат шакл дод.
Дастандаркорон бояд дарк намоянд, ки вобаста ба тарғибу ташвиқ ва бозгӯии хизматҳои Пешвои миллат баргузории чорабиниҳои қолабӣ бо иштироки ашхосе, ки худ моҳияти ин муқаддасотро дарк накардаанд, суханрониҳое, ки наметавонанд аудиторияро ҷалб намоянд, ҷалби нафароне, ки дар ҷомеа обрӯву эҳтиром надоранд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Мебояд бо ҷалби ашхоси донишманду аз набзи замон огоҳ, ба маънои том ватандӯст, ба Пешвои миллат воқеан ҳам содиқ, чорабиниҳои ба масъалаи мавриди назар рабтдоштаро дар сатҳи хубу сифати баланд доир намуд. Дар матолиби ба Пешвои миллат марбут бояд матонат, ирода, ҷасурӣ ва ғамхорӣ нисбат ба халқ, ҷоннисорӣ дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ, хоксорию одамгарӣ ва поквиҷдонию садоқати ин Абармард бояд густурдатар инъикос ва таҳқиқ шавад.
Ба насли наврас ҳатман бояд ёдрас гардем, ки он замони пурҳаводис маҳз азхудгузаштанҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гардид. Бидуни тамаллуқ, манфиат, ба хотири баёни ҳақиқат ва иҷрои рисолати инсонӣ ва виҷдониамон бояд тарғибу ташвиқ намоем, ки ба қадри ин шахсияти таърихӣ расидан, дар ҷодаи пешгирифтаи ин Роҳнамо собитқадам будан, моҳиятан ва мантиқан ба маъраз гузоштани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла, фарҳанги қадршиносӣ маҳсуб мешавад.
Дар заминаи баргузории ҳамоишҳои илмӣ — оммавӣ бояд таъкид гардад, ки илми таърихи сиёсӣ — иҷтимоӣ ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин собит менамоянд, ки дар кишварҳои зиёд мардуми қадршинос бо назардошти саҳми арзишманди фарзонафарзандон онҳоро ҳамчун қаҳрамон, пешво ва падари миллат ва давлатҳо эътироф кардаанд. Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки эътироф ва муттаҳидии халқ дар атрофи пешвоён ва бунёдгузорони давлатҳо тайи зиёда аз дусад соли охир ба сони ғояи тарғибгари ваҳдат, нигоҳдошти роҳи таърихӣ, меросияти таҷриба ва дастовардҳо барои як идда давлатҳо аҳамияти хоса ва тамоюли афзоишро касб кардааст.
Бо истинод ба далелу рақамҳо ба мардум шарҳу тавзеҳ диҳем, ки тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз шинохт ва эътирофи ин ашхос демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, баръакс онҳо ба ин васила, ибтидои давлатдории худро аз назари ҳуқуқӣ эълон карда, роҳи рушди босуботи давлатро ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ҳифз намудаанд.
Ҳатман ёдовар шудан лозим аст, ки тибқи таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Барои миллати борҳо аз давлати миллӣ маҳрумгардидаи тоҷик, хоса дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир зуҳури Пешвои миллӣ рамзи муттаҳидии халқ ба ҳисоб рафта, аҳамияти рӯзафзун касб намудааст.
Бо иқтибос намудани суханҳои пурҳикмат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд талқин намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиати дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодӣ расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.
Дар ин раванд ёдрас шудан лозим аст, ки ихтиёрдории тақдири имрӯзу фардо орзуву ормони ҳар як миллат буда, на ба ҳар халқият муяссар мегардад. Соҳибистиқлолӣ агар аз як ҷониб, ифтихор бошад, аз тарафи дигар, масъулияти азим буда, аз ҳар фарди миллат ҳисси баланди ватандӯстӣ, сатҳи волои ҳувияти миллӣ, садоқат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатиро тақозо менамояд. Зиёданд дар ҷаҳон миллатҳое, ки теъдодашон то 40 миллион нафар аст, вале на давлат доранду на истиқлолият.
Вазифаи ҷонии масъулини мақомоти давлатӣ ва аҳли зиё он аст, ки ба мардум фаҳмонанд норасоӣ ва мушкилоти зиндагӣ танҳо дар сурати соҳибистиқлол будан ва мавҷудияти фазои сулҳу оромӣ ҳаллу фасл мегардад. Зеро миллате, ки истиқлолияту озодӣ дорад, имконият ҳам дорад, ки камбудиҳои мавҷударо бе таъсири ғайр ҳаллу фасл намояд. Дар ин раванд месазад аз дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш вобаста ба татбиқи чор ҳадафи стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ифтихор ва иқтибос намоем.
Корро бояд тавре ба роҳ монд, то тамоми қишрҳои ҷомеа беш аз пеш дарк ва арҷгузорӣ намоянд, ки маҳз ба шарофати мақому манзалати бениҳоят баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, обрӯву нуфузи хоса ва маҳбубияти беназири ин Абармарди дунёи сиёсат дар дохил ва хориҷи мамлакат Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хосро соҳиб аст.
Вале ифтихор аз дастовардҳо ва истинод ба таърихи ғанӣ набояд боиси зоҳир гардидани муносибати дуюмдараҷа ба дурнамои соҳибистиқлолии мамлакат бошад. Мадди назар бояд дошт, ки ҷомеа дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки дар он раванду тамоюлҳои гуногуни манфӣ низ ҳастанд ва метавонанд ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин, ба ҳастии миллат хатар эҷод намоянд. Ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолӣ бояд ягон вақт аз мадди назар дур намонад.
Барои комёб будан дар ин самт ба болоравии маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва зиракии сиёсии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан бениҳоят муҳим аст. Мутмаин бошем, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида дар симои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамое дорем, ки моро минбаъд низ ба қуллаҳои боз ҳам баландтари мурод мерасонанд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»