Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб ва олими барҷаста устод Садриддин Айнӣ барои илм, равнақи адабиёт ва худшиносии миллии мо хизмати зиёд кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик барҳақ гуфтаанд: «Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Миёна исбот намуд, ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкил додани давлатдории миллии худ ба миён гузошт».
Ҳар сол дар рӯзи таваллуди устод Садриддин Айнӣ – 15 апрел дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои илмиву адабӣ баргузор мешавад. Хабарнигори рӯзнома дар ин хусус бо директори Осорхонаҳои муттаҳидаи адабӣ-ёдгорӣ, Абдураҳимов Амирхӯҷа суҳбат орост.
- Айни ҳол Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ чӣ вазъ дорад?
- Вазъи кунунии осорхона хуб буда, барои сокинону меҳмонони кишвар ба як макони муқаддас табдил ёфтааст. Китобҳо, аксҳо, мизу курсиҳо, нигораҳо, ки ҳама аз рӯзгору осори устод Садриддин Айнӣ ҳикоят мекунанд, ба ҳар бинанда таъсири амиқ мебахшанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин бино устод чор сол зиндагӣ кардааст.
Зиндагии устод Айнӣ дар талоши худшиносии миллӣ ва собит намудани ҳақиқати таърихии миллати тоҷик сипарӣ шудааст. Аз ин хотир, вақте наврасону ҷавонон ба осорхона меоянд, эҳсоси баланди худсозиву миллатдӯстӣ дар вуҷуди онҳо бедор мешавад.
- Аз наврасону ҷавонон сухан дар миён овардед. Онҳо зуд-зуд ба осорхона меоянд?
- Бале, ҳамроҳи муаллимони худ омада, бо рӯзгор ва осори Садриддин Айнӣ шинос мешаванд. «Шунидан кай бувад монанди дидан» мегӯянд, меҳмони хонаи устод Айнӣ шудан ба онҳо завқ мебахшад.
Мо бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳамкорӣ дорем. Маҳфилҳои зиёди илмиву адабӣ бо иштироки кормандони донишгоҳ он ҷо мегузарад, толибилмон дар корҳои ободонӣ ва озода нигоҳ доштани осорхона низ саҳм мегузоранд.
Бо осорхонаҳои шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Москва, Санкт-Петербург низ робитаҳои судманд дорем. Хусусан, аз Самарқанду Бухоро одамони касбу кори гуногун, шоирону нависандагон ба Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ зиёд меоянд. Моро ҳам барои вохӯриҳо ба он ҷо даъват мекунанд.
Дар як сол якуним ҳазор хориҷӣ аз хона-музейи устод боздид мекунанд. Аз Тоҷикистон бошад, ин рақам зиёдтар аз сеюним ҳазор аст.
Чанде пеш раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин ба осорхона ташриф оварда, бо вазъи он шинос шуданд. Мақсади ташриф ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба хона-музейи мазкур аст.
- Оё дар ин макон донишмандон ба корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ҳам машғул мешаванд?
- Ҳоло дар осорхона чор ходими илмӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, олимони машҳури кишвар академикҳо Носирҷон Салимӣ, Маҳмадюсуф Имомов, профессорҳо Аъламхон Кӯчаров, Абдулҳай Муҳаммадаминов ва дигарон бо хона-музейи устод робитаи доимӣ доранд.
Дар маҷлисгоҳи хурди осорхона пайваста ҳамоишҳои илмӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор мешавад. Яъне, набзи осорхонаи устод Садриддин Айнӣ бо набзи ҳаёти илмиву адабии кишварамон ҳамнаво аст.
- Дар китобхонаи Хона-музей чӣ миқдор китоб маҳфуз аст?
- Шумораи китобҳо бештар аз чор ҳазор мебошад. Аз ин шумора беш аз ҳазор нусхаро дастхатҳо ташкил медиҳанд, ки устод Айнӣ онҳоро дар солҳои гуногун гирд овардаанд. Аз ин китобҳо бештар аспирантҳову унвонҷӯён истифода мекунанд.
Китобҳои устод Айнӣ, ки дар солҳои гуногун чоп шудаанд, асоси китобхонаро ташкил медиҳанд. Ба ҷуз ин, асарҳои муаллифони дигар низ ҳастанд, ки худашон тақдим кардаанд. Масалан, асари устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ «Хуросон аст ин ҷо» бо соядасти муаллиф дар китобхона маҳфуз аст, ки як гӯшаи таърихи осорхонаро рангин месозад.
Ба ҷуз дастхатҳо дар бойгонии осорхона сабти наворҳои суҳбати устод Айнӣ ва филмҳое, ки аз рӯи асарҳои устод рӯи навор омадаанд, аз қабили «Марги судхӯр», «Дохунда», «Ғуломон», маҳфуз мебошанд.
Суҳбаторо ВОРИС,
«Садои мардум»