Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба зиёд намудани масоҳати картошказор таваҷҷуҳи хоса доранд. Барои амалӣ гардидани ин нияти хайр нақшаи корӣ тартиб дода шудааст ва масоҳат аз ҳисоби заминҳои бекорхобида васеъ мегардад.
- Дар ноҳия заминҳое ҳастанд, ки барои кишти картошка мувофиқанд, аммо норасоии об солҳои зиёд барои ин кор монеа эҷод мекард, — иброз намуд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ.
Солҳои охир соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот дар ҳалли ин масъала саҳмгузорӣ мекунанд. Соли гузашта каналҳои харобгардидаро таъмир намудем ва имсол метавонем бемамониат дар деҳаҳои баландкӯҳ низ картошка кишт намоем.
- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани кишти картошка кор босуръат идома дорад. Чанде пеш дар деҳоти «Ҳиҷборак», ки аз сатҳи баҳр дар баландии 1700 метр ҷойгир буда, мавсими кишти картошка дертар оғоз меёбад, деҳқонон ба кишти картошка оғоз намуданд, — гуфт номбурда.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»