Суботи сиёсӣ – омили таъмини рушди устувор

№54 (4637) 18.04.2023

13-уми апрели соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Суботи сиёсӣ – омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир» доир гардид.

- Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон суботи сиёсӣ пойдор буда, ба пешрафтҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ноил гардидем. Бинобар ин, баррасӣ ва таҳлил намудани мавзӯи «Суботи сиёсӣ — омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир» муҳим ва саривақтӣ буда, барои пешрафти минбаъда мусоидат хоҳад кард, — иброз дошт директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода.

Коршиносон доир ба технологияи таъмини суботи сиёсӣ, нақши он дар ҳимояи манфиатҳои кишвар, таъсири муборизаҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳон ба суботи сиёсии кишварҳо, фазои иттилоотӣ ва суботи сиёсӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамчун омили таҳкими суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати таҳкими суботи сиёсӣ ҳамчун омили асосии муаррифии фазои мусоиди сармоягузорӣ, амнияти идеологӣ ва дурнамои таъмини суботи сиёсии кишвар дар шароити мавҷудияти таҳдиду хатарҳои замони муосир андешаҳои худро иброз карданд.

Иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Суботи ҷамъиятиву сиёсӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодии кишвар», «Нақши ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ», «Сиёсати ҷавонон ва маданияти сиёсӣ дар Тоҷикистон», «Дурнамои таъмини суботи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устувории муносибатҳои сиёсӣ ҳамчун омили таҳкими суботи сиёсӣ», «Суботи сиёсӣ ҳамчун манфиати ҳаётан муҳим»,  «Амнияти идеологӣ ҳамчун афзори амнияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Омилҳои монеаафкан ба суботи сиёсии Тоҷикистон» ва «Нақши мақомоти прокуратура дар татбиқи ҳуқуқ дар ҷомеа ҳамчун омили муҳими таҳкими суботи сиёсӣ» маърӯзаҳои коршиносонро шуниданд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»