Оини ҷавонмардӣ

Ватан модари мост, онро бояд сидқан дӯст дошт

№54 (4637) 18.04.2023

Ҳар вақте ба тараққиёти соҳаҳои гуногуни мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир менамоему бунёди  корхонаҳои саноатӣ, иншооти гуногун, нақбу роҳу пулҳои дар даврони соҳиб­истиқлолӣ бунёдшударо пеши рӯ меорем, ҳиссаи назарраси ҷавонон дар раванди  ободкориҳо аён мегардад. Давлат ҷавононро неруи созандаи Тоҷикистон медонад. Масалан, сохтмони азими Ҷумҳурии Тоҷикистон Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки қисми асосии кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат ифтихор  дошта, дар Паёми ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзишманду назарраси онҳоро дар тараққиёти  ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ба таври хоса қайд менамоянд.

Рушди давлат, ободии рӯзафзуни Ватани азизамон ба фаъолияти пурсамари ҷавонон, қуввату ғайрат ва неруи ақлонии онҳо вобаста аст. Имрӯз ҳимоят­гарони Тоҷикистони маҳбуб- муҳофизони марзу буми сарзамини аҷдодии мо ҷавонон ҳастанд, ки Ватан — Модарро дӯст медоранд, ба ҳар ваҷаб хоки он, ба обу ҳавои он сидқан эҳтиром доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом таъкид менамоянд, ки ин сарзаминро онҳое ҳифз карда метавонанду барои ободию тараққиёт, барои мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ғайрату  матонат нишон медиҳанд, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд.

Бояд гуфт, ки ҳар як суханронӣ ё иқдому ташаббусе, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстӣ дорад. Ватандӯстӣ дар татбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи шукуфоии Ватан зоҳир мегардад.

Мушоҳида мекунем, ки ҷавонон бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ аз истиқлолияти давлатӣ, пояҳои мустаҳками он ҳарф мезананд ва ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбуб назари нек доранд. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ғамхорӣ кардан ва дастгирӣ намудани ташаббусҳои созандаи ҷавононро яке аз вазифаҳои асосии худ медонанд.

Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Сардори давлат дар Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар чунин изҳор доштанд: «Ба дастгирию ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободию пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати мамлакат қарор доранд».

Таваҷҷуҳу ғамхории Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҷавононро ҳар рӯз эҳсос мекунем. Масалан, соли гузашта «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2027» қабул шуд. Ба андешаи мо, бояд дар маҳал вобаста ба ин ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ тадбирҳои бетаъхир андешида шавад.

Дар такя ба таъкидҳои Пешвои миллат гуфтанием, ки ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту ба амали муайян воқеият пайдо накардааст, намоишкорӣ ва назарфиребист.

Ҳар  сокини кишвар бояд донад, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд. Ҳадаф аз баёни ин ҳарфҳо он аст, ки мутаассифона, баъзан ҷавонон бо баҳонаҳои гуногун: «беморӣ» (ҳатто бемории рӯҳӣ вонамуд кардан), ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ва ғайра аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон саркашӣ менамоянд.

Моҳи марти соли 2023 Суди ноҳияи Файзобод нисбат ба ҷавони 23 — сола, сокини деҳаи Устошамси деҳоти «Мис­кинобод» Қосимов Бахтовар Бегиҷонович, ки худро аз хизмати аскарӣ канор гирифта, ба Россия рафта буд, ҳукм баровард. Нисбат ба номбурда дар маҷлиси судӣ, ҳарчанд аз карда пушаймон буданашро изҳор намуд, ҷазо дар намуди ҷарима дар ҳадди сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 6400 сомонӣ) татбиқ шуд.

Мутаассифона, ҳастанд ҷавононе, ки бо нияти гурез аз хизмати ҳарбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, баъзан то 27- солагӣ ба зодгоҳашон барнамегарданд ё оянд ҳам, бо роҳу воситаҳои гуногун аз хизмат рӯ метобанд.

Бояд гӯем, ки яке аз сабабҳои канораҷӯӣ аз хизмати аскарӣ он аст, ки баъзеҳо бо овозаҳои бардурӯғ ва дилсардкунанда дар зеҳни ҷавонон хизмати ҳарбиро манфӣ маънидод мекунанд. Ҳол он ки таҳти ғамхории Пешвои миллат, Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Артиши миллӣ тамоми шароити моддиву маишӣ фароҳам аст. Он ҷо ­кадрҳои соҳиб­ихтисоси низомӣ ҷавононро дар зери парчами ватандӯстӣ барои ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амният ва сулҳу суботи Тоҷикистони азиз омода менамоянд. Ба ғайр аз ин, хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар бештар мекунад, ба худи онҳо дарси зиндагиву оини ҷавонмардӣ меомӯзонад, обутоби ҷисмонию рӯҳӣ медиҳад.

Ҷавонон бояд донанд, ки хизмат ба Ватан- Модар қарзи инсонӣ ва имониву виҷдонии ҳар як сокини кишвар буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорист. Иҷрои ин қарз нишони камолоти шахсии ҳар як ҷавон аст.

Шодӣ НАЗАРЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Файзобод