- Таҳлилу омӯзишҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар семоҳаи якуми соли равон соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Рашт бо вуҷуди будани мушкилот, дар ҳоли пешравианд. Мо аз натиҷаҳо қаноатмандем ва бовар дорем, ки дар давоми сол нишондиҳандаҳо боз ҳам хубтар мешаванд. Ҳамчун намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба аҳли заҳмати ноҳия, бахусус ба соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаашон аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоям, — гуфт намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев ҳангоми ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Рашт дар семоҳаи аввали соли 2023.
Дар ҷаласаи мазкур, ки 11 апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, муовинони раиси ноҳия оид ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ибрози андеша карданд.
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳия, пас аз шунидани ҳисоботҳои масъулин ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия оид ба рафъи мушкилоту камбудиҳои маълумгардида дастуру супоришҳои мушаххас дод. Вай дар фарҷоми ҷаласа диққати онҳоро ба масъалаи дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди саноат», инчунин вусъат бахшидани соҳаи кишоварзӣ, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ба сатҳи рушди он вобаста аст, бештар ҷалб кард.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»