Ба ятимони кулл ва бепарасторони ноҳияи Мурғоб кумаки якдафъаинаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Кумак аз маҳсулоти озуқаворӣ ва сарулибос ба шаш мактаб – интернат, 181 нафар нимятим ва 13 ятими кулли ноҳия дастрас гардида, аз номи Пешвои миллат барои онҳо дастархони пуршукӯҳ низ ороста шуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зикр кард, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба ятимон хеле зиёд буда, дар заминаи ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлат барои ин қишри ҷомеа ҳама шароит фароҳам шудааст.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода низ аз иқдомҳои шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи дастгирии ятимон ибрози назар кард.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»