Бисту ҳаштуми апрели соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар мавзӯи «Бемориҳои сил ва ВНМО» суҳбати гирди миз баргузор гардид.
Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», «Ассотсиатсияи ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон», мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Сумангул Тағойзода иброз намуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID — 19 равона гардидааст, аммо набояд бемориҳои дигари сироятиро сарфи назар намуд. Яке аз чунин бемориҳои сироятӣ сил мебошад, ки аз шахси бемор бо роҳи ҳавоӣ ба атрофиён мегузарад.
- Шахси бемор ҳангоми гуфтугӯ, сулфа кардан, атса задан, хандидан ё балғампартоӣ миқдори зиёди микробактерияҳоро ба фазои атроф паҳн мекунад. Як беморе, ки ба табобат фаро гирифта нашудааст, метавонад дар як сол 10-15 нафари дигарро гирифтори ин беморӣ кунад. Бемории сил ирсӣ набуда, ҳангоми истеъмоли якҷояи об ё ғизо, муошират, истифодаи муштараки зарфҳои хӯрокхӯрӣ, сарулибос ва дигар лавозимоти рӯзгор сироят мекунад, — иброз намуд Сумангул Тағойзода.
Зикр гардид,ки сари вақт муроҷиат накардан ба табиб ва бепарвоӣ ба тавсияҳои табиб барои муолиҷаи саривақтии беморӣ монеъ мегардад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии он мебошад, ба шарте ки бемор табобати дурусту саривақтиро пурра гирад. Ин муддат на камтар аз 6 — 8 моҳро ташкил медиҳад. Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.
- Баъзеҳо, бо назардошти он ки барои муолиҷа маблағи кофӣ надоранд, ба табибон муроҷиат наменамоянд. Онҳо бояд донанд, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда ва «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» давлат кафолати ройгон табобат намудан ва бо доруҳои зиддисилӣ таъмин карданро додааст, — таъкид намуд Сумангул Тағойзода.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Рустам Нуров дар хусуси татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» маълумот дода, зикр намуд, ки барномаи мазкур аз панҷ самти афзалиятнок иборат мебошад.
Қайд гардид, ки сатҳи баланди беморшавӣ дар мамлакат соли 2007 мушоҳида шуд. Ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табобати назоратшаванда пурра ворид гардид. Минбаъд сатҳи беморшавӣ паст гардида, солҳои 2018-2019 ин нишондод ба 56,5 дарсад баробар гардид. Соли 2020 он якбора паст гардида, ба 40,5 дар 100 ҳазор аҳолӣ баробар шуд.
- Якбора паст гардидани гирифторӣ ба ин намуди беморӣ якчанд сабаб дошт: Якум, басташавии сарҳад, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давраи авҷгирии бемории сироятии COVID — 19 ба Ватан баргашта натавонистанд. Дуюм, риоя кардани қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ аз тарафи аҳолӣ, асосан пӯшидани ниқобҳо, ки барои коҳиш додани сирояти бемории сил мусоидат мекунад. Сеюм, ворид шудани доруҳои зиддисилии қатори дуюм дар протоколи клиникии табобати бемории сироятии COVID -19.
Директори иҷроияи «Ассотсиатсияи ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» Сафаралӣ Наимов дар мавзӯи «Равиши системавӣ дар бемории сил ва идоракунии парвандаҳо» зикр намуд, ки бинобар пешравии технологияи ташхис имрӯз муайян кардани беморӣ вақти камро дар бар мегирад. Солҳои пеш балғами бемор дар хориҷа ташхис шуда, муддати зиёд интизор шудан лозим меомад. Ҳоло тавассути дастгоҳи «Ҷин эксперт» дар 2-3 соат натиҷаи ташхис маълум мешавад.
Дар ҷамъомад вакилони Маҷлиси намояндагон Зайниддин Сафарзода, Зоир Раҳмонзода, Саидҷаъфар Усмонзода, Абдуҳалим Ғаффорзода ва менеҷери «Ассотсиатсияи ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» Эҳсон Турсунов андешаҳояшонро иброз намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ