ПАНҶ. ( Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Баъди таъмиру азнавсозӣ шуъбаи кӯдаконаи Бемористони марказии ноҳияи Панҷ аз нав ба фаъолият оғоз кард. Таҷдиди ин бино бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки молиявии Япония анҷом ёфт. Дар ин кор беш аз 108 ҳазор доллари америкоӣ сарф гардид. Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ин ноҳияи сарҳадии ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани якчанд иншооти нав низ дар назар аст.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон