Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№84-85 (3230-3231) 01.08.2014

мач хук

Бисту нуҳуми июли соли 2014 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлиси Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Маҳмад Сафаров аз вазифаи директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Ҳомид Расулов ба ин вазифа таъин гардид.

Раҷаб Саодатов аз вазифаи муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, муовини якуми роҳбари ҳамин Агентӣ таъин гардид.

Ибодулло Зардов муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳмон Умаров директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ба баррасии палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва «Дар бораи реклама» пешниҳод гардид.

«Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018», «Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024», «Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ», «Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ», «Тартиби ташкил ва гузарондани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Номгӯйи ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии дорои шароити хосаи табиӣ» тасдиқ карда шуд.

Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 60,61 гектар замин барои бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ бо биноҳои бисёрошёна ва иншооти иҷтимоӣ ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 330,15 гектар замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба 1933 оилаи ниёзманди ин ноҳия ҷудо карда шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Супоришҳо доир ба иҷрои нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ низ дода шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба омодагӣ ба соли нави таҳсил ва дигар масъалаҳои ҳалталаб зоҳир карда шуд.

www.president.tj