Қурбон Одинаев аз зумраи он ҷанговарони диловарест, ки дар хати пеши фронт ҷангидаю Рӯзи Ғалабаро дар Берлин пешвоз гирифтааст.
Вақте хонаводаи ӯ соли 1926 аз деҳаи Рангиноби Кӯҳӣ ба деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод кӯч баст, ҳамагӣ 9-сола буд.
Падараш дар қатори дигарон ба артел (хоҷагии кишоварзӣ) аъзо шуд. Он солҳо деҳқонӣ ба воситаи юғу испор, белу каланду гов ва асп иҷро мешуд. Қурбони хурдсол ҳамроҳи падар ба саҳро рафта, ёрӣ мерасонд.
Дар муддати кӯтоҳ 20 хоҷагӣ ташкил ёфт. То соли 1938 Қурбон касби бобоии хешро идома дода, чун ҷуфтрони беҳтарин ном баровард. Солҳои сиюм колхозҳои аввалин ташкил шуданд. Яке аз колхозҳои аввалин «20- солагии Ғалабаи инқилоб» ном гирифт.
Қурбони ҷавон 21-умин баҳори умрашро аз сар мегузаронд. Хабари ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кардани фашизмро шунида, ба Комиссариати ҳарбии собиқ ноҳияи Обигарм бо ариза муроҷиат кард. Хоҳиши ӯро қонеъ карда, ҳамроҳи 16 нафар ба ҳимояи Ватан гусел намуданд. Аввал онҳоро ба ноҳияи Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварданд.
Пас аз омӯхтани маҳорати ҷангӣ онҳоро ба хати ҷабҳа фиристоданд. Сарбози шуҷоъ Қурбон Одинаев барои корнамоӣ сазовори ифтихорномаи Вазорати мудофиаи ИҶШС гардид. Баъд аз ғалаба ба неруҳои Финляндия номбурдаро ба полки 133 тирандози Сталинград фиристоданд. Мардуми шӯравӣ ба меҳнати софдилона машғул буданд, аммо ҳаёти осоиштаи мардумро ҳуҷуми Германия халалдор намуд.
28-уми июни соли 1941 қисми ҳарбии Қурбон Одинаев бо фашистон ба ҷанг даромад…
Зимистони қаҳратуни моҳи январи соли 1942 буд. Хомӯшии шабро вазидани шамоли сахт халалдор мекард. Тарафҳо ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медиданд. Ҷои техникаю яроқу аслиҳаи душманро муайян кардан зарур буд. Қумондони қисми ҳарбӣ гурӯҳи разведкачиёнро даъват кард.
- Вазифаи навбатӣ душвор аст. Ба даст овардани «забон» ва несту нобуд кардани техникаи ҳарбии душман, — иброз намуд қумондон. Қурбон Одинаев ду қадам ба пеш баромада «Ман ба иҷрои фармон тайёр ҳастам», — гуфт. Бо роҳбарии ӯ чор разведкачӣ супориш гирифтанд. Вақте ба деҳаи Саниба наздик шуданд, хомӯширо мушакпарониҳои душман халалдор намуд. Дар рӯшноӣ разведкачиён анбори яроқу аслиҳаи душманро муайян намуданд. Анборро ду нафар посбонӣ мекарданд. Қурбон Одинаев вақти қулай меҷуст ва он лаҳза фаро расид.
Қурбон Одинаев бо ҳамроҳи ҳамяроқонаш посбононро асир гирифтанд. Аз рӯи маълумоти аз «забон» бадастомада, рӯзи дигар ба деҳа ҳуҷум намуда, анбори яроқу аслиҳаи душманро ба даст оварданд.
Аскари қаторӣ Қурбон Одинаев барои ин корнамоӣ бо «Ордени ҷангии дараҷаи якум» сарфароз гардид. Охири моҳи январи соли 1942 дар ҷангҳои шадиди назди стансияи «Расвет» Қурбон Одинаев ва ҳамяроқонаш ҳамлаи гурӯҳи душманро боздоштанд.
Душман қувваи иловагӣ гирифта, ба ҳамлаи ҷавобӣ гузашт, вале имкон наёфт, ки сафи аскарони сурхро рахна кунанд.
Барои ҷасорат ба қаҳрамони матлаб рутбаи сержанти хурд дода, ӯро ба қисми ҳарбии тирандози 110 гузарониданд.
Ин тоҷики шуҷоъ дар озод кардани Сталинград низ корнамоиҳои бемисл нишон дода, сазовори ордену медалҳои ҷангӣ гардид. Баъди дар Сталинград шикаст хӯрдани фашистон қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанд. Дар ҳама ҷо фашистон ба шикаст дучор меомаданд. Охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябри соли 1944 дар назди Киев амалиёти калони ҳарбӣ ба вуқӯъ омад.
Барои озодкунии Киев аз гӯшаю канори мамлакат аскарону афсарон ва техникаи ҳарбӣ сафарбар шуданд. Шабонгоҳ разведкачиён супориш гирифтанд, ки дар куҷо мавқеъ гирифтани душманро муайян кунанд. Сержанти хурд Қурбон Одинаев, сарбозони қаторӣ Содиқ Юсуфов ва Александр Боршёв субҳ ба нуқтаи нишондод расиданд. Деҳае, ки дар даромадгоҳи Киев ҷойгир буд, сокит ба назар мерасид.
Чунин менамуд, ки аз мавҷудоти зинда ному нишон намондааст. Разведкачиён ба хонае наздик шуда, дари онро кӯфтанд. «Кистед?», — шунида шуд овози ларзоне.
Баъди гирифтани ҷавоб мӯйсафеде дарро кушод ва Борешёв аз мӯйсафед пурсон шуд, ки дар ин қарибиҳо душман ҳаст? Мӯйсафед ҷавоб дод, ки дар роҳи 10-километра базаи ҳарбӣ, ҳавопаймою танкҳои зиёд ва афсарону аскарони бешумори фашистон гирд оварда шудаанд.
Сипас, Қурбон Одинаев ва Александр Боршёв либоси ҳарбиро ба либоси одӣ иваз карда, роҳ пеш гирифтанд. Ҳамин асно ғурриши мошин ба гӯш расид. Разведкачиён омадани мошинро интизор шуданд. Ҳамин, ки мошини душман наздик омад, граната ҳаво доданд. Сипас, афсари фашистро ба қисми ҳарбӣ оварданд.
Зимни озод кардани Венгрия, задухӯрди назди кӯли Балатон фаромӯшнашаванда аст. Дар он ҷо ба аскарони шӯравӣ хавфи дар муҳосира мондан таҳдид мекард. Ба қисми Қурбон Одинаев супориш доданд, ки ба душман шабохун зананд. Разведкачиён мебоист пеш аз шабохун самти амалиётро муайян менамуданд. Барои ин баландии хамгашти дар шафати рости роҳи оҳан воқеъбударо ба даст овардан лозим буд. Разведкачиён шабона ба иҷрои супориш шурӯъ карданд. То субҳ дар баландӣ ҷой гирифта, ба қисми ҳарбӣ алоқаи телефонӣ барқарор намуданд.
Вақте офтоб оламро бо нурҳои худ мунаввар намуд, сарбозон бо сигнали разведкачиён ба самти ҷойгиршавии душман оташ кушоданд.
Қобили зикр аст, ки мавсуф барои ҷонфидоӣ дар озод намудани Венгрия бо ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шуд.
Баъди торумори фашизм, қисми ҳарбӣ барои торумори Японияи милитаристӣ фиристода шуд. Дар ҷанги Япония низ Қурбон Одинаев фаъолона иштирок намуд. Дар шаш соли хизмат ду маротиба захмӣ шудааст, дар табобатгоҳи ҳарбии шаҳри Москва бистарӣ гардид.
Барои мардонагӣ бо ордену медалҳои «Барои мудофиаи Сталинград», «Ситораи Сурх», «Ҷанги Бузурги Ватании дараҷаҳои 1 ва 2», орденҳои Суворов, Кутузов ва баъд аз ҷанг ба ҳафт медали ҷашнӣ сарфароз гаштааст. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ Қурбон Одинаев бо рӯи сурх ба деҳаи Заркамар баргашт. Ин ҷанговари диловар дар ободонию созандагии диёр низ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод