Панҷуми майи соли равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Сарони ҳар ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Зимни суҳбат президентҳо тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид карданд.
Омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд.
Сарони ҳар ду давлат, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, табодули афкор анҷом дода, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли ҷорӣ баррасӣ карданд.
Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва даъват ба амал оварданд.
Панҷуми майи соли 2023 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Зимни суҳбат сарони ҳар ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматиро, дар ояндаи наздик баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи дорои хусусияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.