Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонунҳо

№58 (4641) 01.05.2023

Таҷрибае, ки дар саргаҳи он низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд пас аз соҳиб­истиқлол гардидан роҳи созмон додани ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷрои он дар мадди аввал мебошад, пеш гирифт. Дар ин радиф ташаббуси қонунгузорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби субъектҳои дорандаи чунин ҳуқуқи конститутсионӣ бо рӯҳияи созандагӣ, барои устувор намудани пояҳои ҳуқуқии давлати демократӣ, ташаккули низоми қонунгузории миллӣ ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои гуногуни ҷомеа оғоз гардид. Ташаббуси қонунгузорӣ давраи аввали ҷараёни эҷоди қонунҳо мебошад. Дар ин давраи фаъолияти қонунгузорӣ талаботи объективии ҳаёти ҷомеа, зарурати танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ниёзи ҷомеа ба қонун муайян карда мешавад.

Сари вақт ва пурра ба назар гирифтани талаботи ҷомеа ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ барои инкишофи минбаъдаи қонунгузорӣ, таъмини назму суботи ҷомеа, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои ҷомеа ва давлат, таъмини рушди минбаъдаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, дар таҷрибаи қонунгузории ҷаҳони мутамаддин ба ташаббуси қонунгузорӣ ва субъектҳои он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

Ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такмилу тақвияти қонунгузорӣ, идоракунии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳким ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди соҳибкории хурду миёна ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, танзими фаъолияти низоми бонкӣ, амалӣ гаштани сиёсати андозу молия саҳми бориз доранд.

Муҳим он аст, ки ташаббусҳои мавриди назар бо мақсади ташкилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, рушду нумӯи мамлакат ва танзими қонунии муносибатҳои нави ҷомеа амалӣ гардидаанд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки инкишоф ва такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат гардида, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати баланди қонунҳо, риояи қоидаҳо ва усулҳои қонунгузорӣ, ба меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,таъмини волоияти қонун таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар ин давра асосан ду шакли истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — пешниҳоди лоиҳаи қонун бевосита аз ҷониби Сарвари давлат ва пешниҳод дар хусуси зарурати таҳия ва қабули қонунҳо васеъ истифода шуд. Тавассути онҳо қонунҳои нав қабул мешаванд ва ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мавқуф (мораторий) гузоштан ба ҳукми қатл», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва як силсила қонунҳои дигар қабул шуданд.

Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонунҳои муҳим, ки бо ташаббуси Сарвари давлат сурат гирифт, таҷрибаи нодир дар таърихи давлатдории тоҷикон маҳсуб мешавад.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ду қонуни ҳаётан муҳими миллӣ — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуда буд.

Аҳамияти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун дар он зоҳир мешавад, ки тавассути он, аз як тараф, ифодаи манфиатҳои миллионҳо нафар шаҳрвандон дар матни қонун таъмин карда мешавад. Аз тарафи дигар, шаҳрвандон бевосита дар муҳокимаи лоиҳаи қонун ва такмили он ширкат варзида, бо ҳамин роҳ масъулияти онҳо дар пешрафти ҷомеа баланд мешавад. Шаҳрвандон зимни ширкат дар муҳокимаи лоиҳаи қонун худро ширкаткунандаи бевоситаи раванди ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳаёти давлат эҳсос мекунанд. Ин, дар навбати худ, боиси баланд гардидани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мегардад. Ин омил бори дигар собит намуд, ки ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба марому иродаи халқ сурат мегирад.

Шаҳодати ифодаи иродаи шаҳрвандон дар фаъолияти қонунгузорӣ ширкати бевосита ва фаъолонаи онҳо дар муҳокимаи лоиҳаи қонунҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардидаанд.

Хулоса, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди демократии фаъолияти қонунгузорӣ роиҷ гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон мутобиқ таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»