Ифтихормандӣ ва тадбирандешии бетаъхир

№63 (4646) 12.05.2023

ДБССТ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аввалин шуда баҳри шарҳу тавзеҳи Конфронси оби СММ-2023 ва чорабиниҳои марбут ба он иқдом намуд

310098217_620308389748409_3476198437673754527_nТашаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ­эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт солҳои 2005 — 2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Рӯзи ҷаҳонии пир­яхҳо» муқаррар намудани санаи 21-уми март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо рӯйдодҳои бениҳоят муҳим ба ҳисоб рафта, ба болоравии бесобиқаи мақому манзалати кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва беш аз пеш афзудани нуфузу маҳбубияти Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам боис гардид.

 Шукӯҳу шаҳомат ва натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 — 24-уми марти соли равон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат гирифт, ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надошта, месазад тоҷику тоҷикистониён аз Пешвои миллат ва манзалату маҳбубияти бениҳоят баланди ӯ ифтихор намоянд.

Бо ифтитоҳи намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Созмони Милали Муттаҳид, чорабинии «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар», Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», чорабинии канорӣ бо номи «Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об» ва ғайра Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар СММ ба маънои том минбардор намуданд.

Чорабиниҳои зикршуда моҳиятан ва мантиқан марҳилаи сифатан нави тадбирандешиҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, минбаъд имкон фароҳам мешавад, ки ин раванд бо неруи нав ва бо усули муштарак роҳандозӣ гардад. Ба таъбири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон: «Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню — Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем».

Тарғиб ва шарҳу тавзеҳи аҳамияти чорабиниҳои мавриди назар идомаи мантиқии чорабиниҳои зикршуда ба ҳисоб рафта, дар ин самт фаъол будани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи мақсад аст.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 25-уми марти соли равон, яъне як рӯз пас аз баргузории Конфронси оби СММ-2023 ва чорабиниҳои марбут ба он ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон» баргузор гардид.

Иншои матлаби мазкур ба ифтихорманд будани роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз Пешвои миллат ва бетаъхир тадбирандешӣ намудан барои тарғиб ва шарҳу тавзеҳи моҳияти ташаббусҳои ин Абармард вобаста аст

Дар чорабинии фавқ олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин намояндагону коршиносони хориҷӣ, аз ҷумла аз Шоҳигарии Нидерланд, Ҳиндустон, Малайзия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш роҳбарияти ДБССТ зикр намуд, ки ҳамкорӣ бо СММ барои кишвари мо авлавият буда, пешниҳодоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳаллу фасли муқовимати шаҳрвандӣ аз тариқи гуфтушунид ва ғайра, ки аз минбари он иброз шуда буд, мавриди ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Дар навбати худ, СММ ба фаъолият ва масъалагузориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ба кишвари мо таваҷҷуҳи хоса дорад.

- Кишвари мо тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд. Ибтикори мазкур боис гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд.

Маҳз ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи об ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб дохил гардид. Муҳим он аст, ки ин ташаббуси наҷиб аз ҷониби Роҳбари кишваре зоҳир гардид, ки собиқаи начандон тӯлонии узвият дар СММ-ро дорад, — зикр шуд дар маърӯзаи роҳбарияти ДБССТ.

Масъулини ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ёдовар шуданд, ки ин раванд 1-уми октябри соли 1999 аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба ­эълон намудани соли 2003 «Соли оби тоза» шурӯъ гардид. Дар заминаи ташаббуси мавриди назар 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шуд. Аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза низ марбут ба ин ташаббус аст.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон кардани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад. Вобаста ба он 23-юми декабри соли 2003 Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» эълон кард.

Ташаббуси дигари Пешвои миллат эълон кардани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» мебошад. Муҳиму саривақтӣ будани ин пешниҳод низ боис гардид, ки соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бо истинод ба Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикис­тон аст, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро таҷлил намуд. 11-уми феврали соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор гардидани маросими оғози «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» шаҳодати шукӯҳу шаҳомат ва моҳияти ин ташаббус мебошад.

- Роҳбари давлат ба дастовардҳои дар ин самт ноилгардида иктифо накарда, ташаббускориро вобаста ба масоили об тавсеа бахшиданд. Дар ҳоле ки роҳбарони дигар кишварҳо ба манфиатҳои давлатӣ, қавмӣ ва гурӯҳӣ таваҷҷуҳ доранд, Роҳбари мамлакати мо пайи ҳалли мушкилоти сайёра камари ҳиммат бастанд. Мунтазам ва бо далелҳои асоснок ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ гардида, биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирандешии бетаъхирро тақозо мекунанд.

Ташаббуси навбатиашон ­эълон кардани солҳои 2018 — 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» низ аз дилсӯзиву дурандешиашон маншаъ гирифтааст. Бо назардошти моҳияти ин ташаббус низ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфта, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ дар ин бобат қатъномаи зидахлро қабул кард,- таъкид шуд дар маърӯзаи роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Дар робита ба масъалаи мавриди назар коршиноси масоили экологии Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон Ҳасан Асоев, намояндаи Пажӯҳишгоҳи сайёҳӣ ва менеҷменти гардишгарӣ (ниҳоди Вазорати сайёҳии Ҳиндустон) доктор Сандип Кулшрэшта, муовини ректори Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва менеҷменти меҳмондории Ҳайдарободи Ҳиндустон доктор Гавинолла Маҳендер Рэдди, пажӯҳишгари Донишгоҳи байналмилалии Малайзия хонум Нор Анира Бинти Зулкифли, намояндаи Донишгоҳи илмҳои татбиқии бредаи Нидерланд, доктор Тео ван Де Лаар, корманди Пажӯҳишгоҳи илмҳои палеонтологии назди департаменти илм ва технологияи Ҳукумати Ҳиндустон доктор Шипа Пандей ва и.в. директори Филиали донишгоҳ дар вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд) дотсент Манучеҳр Садриддинов маърӯза намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин ибтикори аввалин набуда, қаблан вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , аз ҷумла «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 дар донишгоҳ ду конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ бо ҷалби олимону коршиносони хориҷӣ, аз ҷумла Британияи Кабир, Португалия, Нидерланд, Исроил, Мексика, Малайзия, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда буд.

 Ин даргоҳи илму маърифат, ки мавҷудияташ аз донишкадаи соҳавӣ то муассисаи таҳсилоти олии касбии байналмилалӣ масир дорад, мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти сайёҳӣ, меҳмондорӣ, соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, фаъолияти гумрукӣ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодиёти рақамӣ тайёр намуда, ба яке аз донишгоҳҳои пешқадам табдил ёфтааст.

 Ба донишгоҳ табдил ёфтани муассиса ва мақоми байналмилалӣ гирифтани дастоварди арзанда ва қобили мулоҳиза мебошад, ки аҳли донишгоҳ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардиданд. Иқдоми мазкур давраи нави рушди донишгоҳро оғоз бахшид. Барои мисол, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба тавозуни донишгоҳ гузаронида шуд. Иқдомоти мазкур дар баробари ҷанбаҳои мусбати зиёд, ҳамчунин имкон фароҳам месозад, ки кадрҳои баланд­ихтисос дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода намояд. Илова бар ин, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нуҳ ихтисоси нав ҷорӣ карда шуд, ки ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон то соли 2040» рабт дорад. Инҳо «Полиси сайёҳӣ», «Тибби сайёҳӣ», «Сайёҳии осоишгоҳӣ-табобатӣ», «Иқтисодиёти рақамӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Кибернетикаи иқтисодӣ», «Хадамоти консулӣ», «Муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Сиёсати берунӣ ва дипломатия» мебошанд, ки омӯзишашон соли таҳсили 2022-2023 ба роҳ монда шуд. Ба шарофати ин ибтикор ихтисосҳои мавриди омӯзиш дар донишгоҳ ба 77 расид.

 Дар баробари ин, ташаббуси дигари раёсати донишгоҳ дар мавриди ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти бисёрзинагӣ, яъне ташкили коллеҷҳо аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ ёфта, дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ», «Иқтисодиёти соҳибкорӣ» ва «Маркетинг» идомаи мантиқии дастовардҳои аҳли донишгоҳ бо роҳбарии ректор Убайдулло Асрорзода мебошад. Ин раванд муттасил буда, ташкили кафедраи ҳарбӣ, Маркази хизматрасониҳои иттилоотӣ-сайёҳии шаҳри Душанбе ва тавсеаи фаъолияти Маркази забономӯзии донишгоҳ аз ҳамон ҷумлаанд.

 Фароҳамсозии имконият барои баҳравар шудани донишҷӯён аз технологияи навин мадди назари роҳбарият қарор дошта, соли гузашта дар доираи таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ва истифодаи маблағҳои махсуси донишгоҳ шумораи компютерҳо ба 1104 адад расид. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳандаи хуб буда, дар маҷмӯъ ба ҳар се донишҷӯ як компютер рост меояд.

Ибтикори дигари ректори донишгоҳ, ки ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» марбут аст, мунтазам баргузории олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» мебошад.

 Равобити донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ низ беш аз пеш тавсеа ёфта, соли 2022 бо 41 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Муҳим он аст, ки меҳвари шартномаҳои мазкур табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳисоб меравад.

 Дар заминаи болоравии нуфузи байналмилалии донишгоҳ таваҷҷуҳи ташкилоту созмонҳои бонуфуз ва муассисаҳои таълимии муътабари хориҷӣ тамоюли афзоишро касб кардааст. Ташрифи сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ. намояндаи ­Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндагони Донишгоҳи Ситии Малайзия, дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои тиҷоратии Юнон, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон ва дигарон шаҳодати ин гуфта аст.

Дар самти фаъолияти хоҷагидорӣ низ пешравӣ зиёд буда, сохт­мони бинои 8 — ошёнаи Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳ шурӯъ гардида, барои бунёди муассисаи томактабӣ дар ҳудуди донишгоҳ корҳои омодагиву ташкилӣ ҷараён доранд. Инчунин, кор дар сохтмони бинои 7-ошёнаи филиали донишгоҳ дар вилояти Хатлон дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафта истодааст.

Пешравиҳои зикршуда, ки аз ҷамъи дастовардҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон «муште аз хирвор» мебошанд, далели бебаҳси он аст, ки кормандони он бо роҳбарии Убайдулло Асрорзода дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, дар иҷрои рисолати хеш комёб ва ­собитқадаманд.

Далер Абдулло,

«Садои мардум»