Дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Хоста

№65 (4648) 17.05.2023

Новелла

image_2023-05-06_09-05-22 — копияНаздики даҳ сол мешавад, ки бародарам дар Россия кору зиндагӣ мекунад. Сари ҳар чанд вақт падару модарро хабаргирӣ меояд. Дар деҳа истироҳат мекунаду вақти рафтанаш пойтахт омада, ду — се рӯз меҳмони мо мешавад. Вақте хонаи мо меояд, бо киноя беҳтар нашудани шароити зиндагиамонро мегӯяд. Ин навбат дар баробари дилашро холӣ намудан пешниҳоди хуб кард:

- Додар, гӯш кун, мебинам, ки хеле заҳмат мекашӣ. Рӯз кори асосиатро мекуниву шаб корҳои иловагӣ, вале даромадат дар умум ба маблағи иҷораву хӯрокворӣ базӯр мерасад. Даҳҳо бор аз дилсӯзӣ гуфтам, ки янгаву ҷиянро дар деҳа бурда мону наздам биё. Панҷ сол дар рӯзнома нанависӣ ҳам, журналистика қафо намеравад, вале касбам, ҷои корам гуфта, рад кардӣ. Як — ду бор пул равон кардам, аммо фаҳмидам, ки ба падарам бурда додаӣ. Ба ту бори охир дасти кумак дароз мекунам, қабул кардӣ, хуб, накардӣ, бародариамон тамом.

- Ин хел нагӯед, ака. Марҳамат гӯш мекунам.

- Пагоҳ ҳамроҳ мошинбозор меравем, як мошини тамғаи «Тангем» мегирем. Бо падару модари кӯдакони гирду атроф маслиҳат карда, 6-7 нафарро ба мактаб бурда меорӣ. Ин кори сабук аст, ҳам пеш ва баъд аз кор анҷом медиҳӣ ва ҳам пули хуб низ меёбӣ.

- Пешниҳоди бисёр хуб, қабул, лекин, ба шарте ки пулатонро бармегардонам.

- Инашро баъд фикр мекунем…

Мошин гирифтем. Ҳамсарам ба воситаи дугонаҳояш мусофирони эҳтимолиро пайдо кард. Мебоист ҳар саҳар ҳафт хонандаи мактаби хусусиро аз бинои худамон ба мактаб бурда, бегоҳ биёрам. Барои ҳар нафар 300 сомонӣ роҳкиро муайян кардем.

Як ҳафтаи аввали дарсӣ бачаҳоро бурда овардам. Кори хубу ором ва сабук.

- Занак, фикр мекунам, ки бо вуҷуди шароити хуб доштану дар яке аз гаронтарин мактабҳои ҷумҳурӣ таҳсил кардан, ин бачаҳо он қадар худро хушбахт ҳис намекунанд. Тамоман гап намезананд.

- Ин фикр чӣ гуна ҳосил шуд?

- Дар як ҳафта ман танҳо номҳояшонро фаҳмидаму халос. Масрур, Нилуфар, Шабнам, Беназир, Фирӯз, Икром ва Алишер.

- Аз ҳафтаи нав ҳамроҳашон ягон бозӣ кунед — чӣ?

- Чӣ гуна бозӣ?

- То мактаб чанд истгоҳ аст?

- Ҳашт истгоҳ.

- Шумо ҳам дар мошин ҳашт нафаред. Хуб мешавад, агар то як истгоҳ ҳар кадоматон дар бораи ҳаёти худ кӯтоҳ қисса кунед. Аз худатон оғоз кунед, боз беҳтар.

- Идеяи хуб. Ба фикрам, бо ин роҳ метавонем бачаҳоро ба гап дарорем ва аз мушкилоташон огоҳ шавем.

Ҳафтаи нав ҳам оғоз шуда, ба роҳ баромадам.

Бачаҳо дар ҷои таъиншуда мунтазир буданд. Пеш аз мошинро ба ҳаракат даровардан шарти бозиро фаҳмонидам. Қабул карданд.

- Бачаҳо, ҳаёти ман хеле хуб аст. Дар рӯзнома кор мекунам ва вазифаам хабару мақола навиштан аст. Шуморо ба мактаб бурдану овардан машғулияти иловагӣ буда, барои пӯшонидани харҷи моҳонаи иҷорахонаамон кумак мекунад. Гап байни худамон, калони хона каме пасандоз ҳам карда истодааст, вале ба ман намегӯяд, ки ҳар моҳ аз даромадамон чанд фисад мегирад. Кӯтоҳи гап, ягона мақсадамон дар Душанбе хонаи шахсӣ доштан, аниқтараш ҳамин хонаро, ки ҳоло иҷора мешинем, харидан аст, аммо намедонам ин ҳадафамон кай амалӣ мегардад…

Гап бисёр, вале вақтам ба охир расид. Дар истгоҳи дуюм навбати сухан ба Мас­рур дода шуд.

- Чандин афсона, ҳикоя ва саҳнаҳои тарбиявиву филмҳоеро хондаву дидаам, ки дар бораи аҳамияти вақт ҷудо кардани волидон барои фарзандонашон ҳастанд, вале падару модари ман ҳамеша дар фикри коранд, ба ман умуман вақт ҷудо намекунанд. Доимо дар утоқам танҳоям, ҳатто баъзан вақт тамоман аз он намебароям, — бо сари хам гуфт Масрур.

- Падару модари ман бароям тамоми шароитро муҳайё кардаанд, вале ниҳоят сахтгиранд. Дар муносибат бо ман ҷиддӣ ҳастанд. Ба фикрам, намедонанд, ки хоҳиши аввалиндараҷаам муносибати хуб доштани онҳо бо ман аст. Бетафовутии волидон ба ман ҳам таъсир расонида, ба қавле пессимист кардааст, — ба тиреза нигоҳ карда гуфт Нилуфар.

- Ягон хоҳиши маро волидонам ба назар намегиранд. Ба ҳар сухани ман, бо ҷумлаи инкорӣ ҷавоб медиҳанд. Яъне, онҳо мехоҳанд, ман тамоман аз гапашон набароям, аммо худашон ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд, — гуфт Шабнаму чашмонаш тар шуданд.

- Ман бо падару модарам муносибати хуб дорам. Онҳо маро дӯст медоранд ва инро ҳамеша мегӯянд. Чизе хоҳам, мехаранд, куҷое, ки лозим бошад, меравам, камбудие дошта бошам, бартараф мекунанд. Сабаби рӯҳафтодагӣ ва камгапии ман дар он аст, ки волидонам аксар вақт ба саволҳои ман ҷавоб намедиҳанд. Бисёр чизро аз онҳо мепурсам, донис­тан мехоҳам, вале хоҳиши посух додан надоранд. Ҷавоби саволҳоямро падар ба модар ва баръакс ҳавола мекунанд, — оромона мушкилашро гуфт Беназир.

- Ман бисёр мехоҳам бо додову очаам дар як дастархон хӯрок хӯрам, вале онҳо маро дар дастархони алоҳида мешинонанд. Намегузоранд, ки мисли қаҳрамонони филмҳо ҳамроҳ хӯрок хӯрему суҳбат намоем. Фақат як гап доранд: ту ҳоло барои нишастан ба дастархони мо тайёр нашудаӣ, — шикоятомез гуфт Фирӯз.

- Суҳбатамон оҳанги шикоятӣ гирифт ва кош волидонамон ҳама хостаҳои моро бароварда кунанд. Хоҳиши ман аз волидонам ин ҳадди ақал як маротиба ба маҷлиси падару модарони мактаб рафтани онҳост. Медонам, дар мо ба маҷлиси падару модарон рафтани волидон мӯд нест. Ҳоло дар синфи ҳаштум мехонам, вале боре ҳам волидонам мактабу муаллимонамро надидаанд. Фикр мекунанд, ки пули мактабро супурданд, бо либосу лавозимоти мактабӣ таъмин кунанд, барои роҳкирову хӯроки нисфирӯзӣ пул диҳанд, тамом. Ман ҳамин қадар мехоҳам, ки як бор онҳо дар маҷлис иштирок кунанд. Вақте ки роҳбари синф ва директор маро таъриф мекунанд, бинанд, — бе танаффус фикрашро баён кард Икром.

- Падари ман пулдор аст. Ҳар шаб бо модарам пул ҳисоб мекунанд. Лекин шабе мешавад, ки бо хурсандӣ ҳисоб мекунанду шабе бо ғамгинӣ. Он кас мегӯянд, ки ҳамаи пулҳоро аз қиморбозӣ кор мекунанд ва ман ҳам мехоҳам дар оянда қиморбоз шавам, зеро монанди падарам пули зиёд доштан мехоҳам, — гуфт Алишер, ки дар миёни мусофирон хурдтарин буд.

Ба истгоҳи мактаб расидем. Бачаҳо, ки дилашонро холӣ карда буданд, рӯҳияашон аз рӯзҳои қаблӣ фарқ дошт. Ба дарвозаи мактаб дохил шуда рафтанд. Ман бошам, ҷониби корхона равон шудам.

Дар асл, фарзандон аз мо чизи зиёде намехоҳанд. Яке мехоҳад, волидонаш ба гапаш гӯш диҳанд. Дигаре мехоҳад, падару модараш ба ҳама саволҳои дар зеҳнаш пайдошуда ҷавоб гӯянд. Сеюмӣ мехоҳад, ки бархе аз хоҳишашро иҷро кунанду чорумӣ дар ҳасрати хӯрокхӯрӣ бо онҳост. Панҷумӣ аз вақт ҷудо накардани волидон шикоят дораду шашумӣ аз мактабашро надидани онҳо. Ҳафтумӣ бошад, чизе намехоҳад, танҳо ба онҳо монанд шуданист. Вале кор гуфта, баъзан ба фарзандонамон то андозае бетаваҷҷуҳ мешавем, ки онҳо ба мо неву ба бегонае дарди дил мекунанд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ,

«Садои мардум»