Тавре дар нишасти матбуотӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ гуфт, айни замон дар қаламрави вилоят бо супоришу ҳидоятҳои Роҳбари давлат бунёди як қатор иншооти аҳамияти иқтисодию иҷтимоидошта идома дорад. Дар ин рӯзҳо бунёди иншооти асосӣ -Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо маблағи 62 миллион доллари ИМА ва ҷамоатхона дар шаҳри Хоруғ бо маблағи 15 миллион доллари ИМА оғоз меёбад. Вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани рӯзгори мардум, муҳимтар аз ҳама, рӯйи кор омадани фазои руҳбахши равонӣ, ки имрӯз барои сокинони вилоят ниҳоят зарур аст, мусоидат мекунад.
Дар робита ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Санобод»-у «Себзор» раиси вилоят гуфт, ки айни замон масъалаи маблағгузории бунёди ин неругоҳҳо ҳал гардидааст.
Шодихон Ҷамшед ба пурсиши хабарнигорон оид ба рушди саноати сабук, ташкили дӯконҳои гӯшту сабзавотфурӯшии ноҳияҳо дар шаҳри Хоруғ, ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини волоияти қонун, истироҳати тобистонаи хонандагон дар лагерҳои истироҳатии берун аз вилоят посухҳои мушаххас дод.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»