Ҳамовозӣ

Истифодаи самараноки замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ

№68 (4651) 22.05.2023

МЕВАДар шумораи №24 (4607) — и рӯзномаи «Садои мардум» аз 13-уми феврали соли равон мақолае зери унвони «Манфиати таҷдиди корхонаҳои равғанбарорӣ кадомҳоянд?» ба табъ расид, ки дар он муаллиф андешаҳояшро дар бораи зиёд кардани майдони кишти зироати равғандеҳ баён кардааст. Ман муаллифро ҷонибдорӣ намуда, ҳамчун собиқадори соҳа андешаҳоямро дар ин хусус илова карданиям.

Соҳаи кишоварзӣ метавонад аҳолиро бо озуқа таъмин намояд. Барои ин васеъ кардани заминҳои ноҳамвору талу теппаҳо ва обёрӣ намудани заминҳои лалмии ташналаби водиҳои кӯҳистон шарт ва зарур аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ҳар як ваҷаб замини корам бояд омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар дониста шавад». Кишвари мо камзамин аст. Бинобар ин, интихоби дурусти зироат ва гузаштан ба технологияҳои навини муосири сарфакоронаи коркарду парвариши онҳо ба манфиати кор аст. Пеш аз ҳама, ба истеҳсоли зироати серғизою витаминдор аҳамияти хоса зоҳир намудан зарур аст. Тадқиқоти бисёрсолаи илмӣ исбот намудааст, ки инсоният 40 дарсади талаботи организми худро аз ҳисоби сафедаҳо ва 50 дарсади онро аз карбогидратҳо ба воситаи маҳсулоти ғаллагӣ таъмин карда метавонад. Аз ин рӯ, бояд кишти зироати лӯбиёгӣ ва равғандорро дар заминҳои обию лалмӣ пурра ҷорӣ намоем, зеро ин зироат, аз ҷумла нахӯд, наск, мош, мушунг, зағир, кунҷид, маъсар, офтобпараст, фундуқи заминӣ, соя, сафлор, перко заминро серҳосил ва аз алафҳои бегона низ тоза менамоянд. Таркиби соя (лӯбиёи чинӣ) аз 35 то 50 дарсад сафеда ва 17 — 28 фоиз равған дорад. Дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ин зироат аз 25 то 30-сентнерӣ аз ҳар як гектар ҳосил медиҳад. Онро дар 60 мамлакати ҷаҳон кишт мекунанд. Дар кишти такрорӣ навъҳои «Орзу» ва «Ситора»-ро дар минтақаҳои кишварамон кишт кардан мумкин аст.

Мутаассифона, имрӯз тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад нест. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки аксарияти онҳо ғалладона истеҳсол мекунанд, ба истеҳсолу захира намудани тухмиҳои серҳосили ватанӣ ҷиддӣ машғул набуда, агротехникаи парвариши ғаллагиҳоро бинобар мутахассис набудан дуруст намефаҳманд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе, ки дар маҳаллаи «Ховарон» ҷойгир аст, коркарди партовҳои солҳои 40 — 50-уми асри гузаштаро, ки қариб 80 дарсадашон ба нуриҳои органикӣ табдил гаштаанд, бо технологияи нав ба роҳ мондааст. Таҳлилҳои Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нишон медиҳанд, ки ин нуриҳои «Биокомпост»-и аз партовҳои пӯсида истеҳсолшуда дар таркибашон моддаҳои асосии химиявии азот, фосфор, калий ва моддаҳои гумусӣ дошта, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба инсон ягон зиён намерасонанд. Нурии зикршуда заминро дар давраҳои сарди зимистон гарм нигоҳ медорад. Ба шарофати он зироати фосилавие, ки дар фасли тирамоҳ кишт карда мешаванд, решаашон мустаҳкам гардида, хокро бой мегардонанд. Таҳқиқот дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳия­ҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Вахш ва Кӯшониён аз он шаҳодат медиҳад, ки истифодаи биокомпости аз партовҳо ҳосилгардида барои нашъунамои зироатҳои техникӣ, сабзавоту ғаллагиҳо, мевагӣ, гулу буттаҳо ва кабудизоркунӣ манфиатовар аст.

Мушкилоти барқарорсозии ҳосилхезии замин ва самаранокии он дар айни замон вазифаи аввалиндараҷаи олимони соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ (КМУ)-ро, ки маҳсули таҳқиқоти илмии кормандони Иттиҳодияи илмию истеҳсолии кишоварзии шаҳри Иркутскии Федератсияи Россия буда, боиси ҳосили баланд аст, мо низ васеъ истифода бурда истодаем. Нуриҳои микробиологиро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Данғара, Вахш, Ҷайҳун, Қубодиён, Восеъ ва Рӯдакӣ дар 792,5 гектар замин ба роҳ мондаанд. Хоҷагии деҳқонии «Тосқалъа»-и ноҳияи Данғара дар 40 гектар замини лалмӣ гандуми навъи «Стекловидная-24» кишт карда, бо истифодаи нуриҳои микробиологӣ ҳосилнокии гандумро ба 31,2 — сентнерӣ аз ҳар гектар расонид. Истифодаи маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ барои гирифтани ҳосили пахтаи миёнанах аз 35 то 36,8 — сентнерӣ боис гардида, ин нишондиҳанда вобаста ба пахтаи маҳинах то 33 — 34 — сентнериро аз ҳар гектар ташкил намуд. Истифодаи нуриҳои микробиологӣ гандумро аз касалиҳои сиёҳаку занги зарди гандум эмин дошта, фосилаи пухта расидани ҳосилро 10 — 15 рӯз метезонад. Боварӣ дорем, ки ин навигариҳои илму таҷрибаҳои пешқадам аз тарафи Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохторҳо дастгирӣ меёбад ва барои таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор хоҳад гашт.

Сайфиддин САДРИДДИНОВ,

сарходими илмии Институти тадқиқоти иқтисодӣ ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон