Дар ноҳияи Фархор коргоҳи коркарди биринҷ, истеҳсоли орди навъи якум ва хӯроки чорво мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, коргоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории шарикони рушд дар деҳаи Куҳандиёр ба истифода дода шуд.
Ба шарофати ин иқдом 12 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»