Мафҳуми «фазои иттилоотӣ» дар асри ХХ барои аксари аҳли ҷомеа ошно набуд. Чунки зарурат ба ҷанги идеологӣ набуд, зеро як ҳизб буду як идеология. Вале бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани Истиқлолият, оҳиста-оҳиста ин мафҳум ба яке аз ибораҳои серистеъмол бадал шуд ва ҷойгоҳи махсусеро дар ҷомеа ба худ касб кард.
Имрӯз фазои иттилоотии ҳама кишварҳоеро, ки мушкил доранд, дар ҳар мамлакате, ки мехоҳанд аз арзишҳои худ ҳимоя кунанд, ҷанги иттилоотиро мушоҳида кардан мумкин аст.
Барои мисол, имрӯз миёни Украина ва Россия ин фазоро мушоҳида кардан мумкин аст ва ҷанги иттилоотии онҳо, ки бозингарон, коргардон ва таҳмилгаронашон журналистон ҳастанд, ба ҷое расид, ки дар қатори генералу вазир ҷониби Украина ва Иттиҳоди Аврупо нисбати Дмитрий Киселёв, журналисти шабакаи «Россия-24» санксия эълон кард.
Барои ҳамин ҳам дар ҷомеаи имрӯза журналист чун таҳмилкунандаи идеология дар хатти аввали ҷабҳаи манфиатҳои сиёсӣ нақши муҳим дорад ва рӯз ба рӯз ин нақш пурратар шудаву мавқеаш устувортар мешавад.
Дар Тоҷикистони мо ҳам, ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлолият, нақши журналистон торафт бештар дар ҷомеа нуфуз пайдо мекард ва онҳоро ҳампою ҳамрадифи сиёсатмадорону тоҷирони маъруфу машҳур, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ медонистанд. Ҳатто дар баъзе ҳолат нақши онҳо бештар буд.
Агар ба охири солҳои ҳаштодум бингарем, маҳз рӯзноманигорон боис шуданд, ки қонун дар бораи мавқеи давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ қабул шавад, маҳз рӯзноманигорон буданд, ки сабабгори боло рафтани эҳсоси худшиносӣ дар модаршаҳрҳои тоҷикон – Самарқанду Бухоро шуданд ва ҷомеаи ин шаҳрҳо барои кушодани мактабҳои нави тоҷикӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ, чопи нашрияву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ, барномаҳо ба забони тоҷикӣ дар радиову телевизион талош намуданд.
Вале, бадбахтона, ҷанги ҳамватанӣ оғоз гардиду журналистон ҳам чун дигар қишрҳои ҷомеа қурбонии ин бало шуданд. Онҳо ҳам қурбонӣ доданд, 75 нафар хабарнигорони варзидаи тоҷикистонӣ дар ин солҳои пурдаҳшат кушта шуданд.
Ниҳоят, баъди гузашти солҳо, воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мавқеи аздастрафтаашонро барқарор карданд. Имрӯз шумораи нашрияҳои гуногунсоҳа зиёд шудааст ва ҳар кадоме аз онҳо дар инъикоси вазъи зиндагии мардум, камбудиҳои ҷомеа нақши худро мегузорад.
Аммо, мавзӯе, ки боиси рӯйи коғаз омадани ин навиштаҳо шуд, чизи дигар аст.
Тибқи мушоҳидаҳои банда, солҳои охир, дар муқоиса бо хабарнигорони дилхоҳ мамлакатҳои пасошӯравӣ, баъзе аз журналистони тоҷик то андозае аз пуштибонӣ кардани арзишҳо ва ҳадафҳои стратегии миллӣ худдорӣ менамоянд. Бояд иқрор шуд, ки маҳз муттаҳидии эшон сари масъалаҳои муҳим барои миллату давлат метавонад нақши боризе дар ҳалли ин мушкилот дошта бошад.
Барои мисол, сарҷамъии журналистони мустақили кишвар дар масоили ҳалталаби миллӣ ба мисли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», фишорҳои Россия ба болои Тоҷикистон, марзбандию роҳбандиҳои Ӯзбекистон шоистаи таҳсин аст.
Аммо, чунин менамояд, ки баъзе аз гурӯҳҳои журналистӣ думболаи ҳангома рафта, армонҳои миллӣ, манфиатҳои давлатӣ, амнияти миллӣ ва дигарҳоро фаромӯш мекунанд. Баръакс, бештар кушиш мекунанд, ки аз ин ҳодисаҳо ҳангомае созанд ва зудтар ба сайт гузоранд ё дар рӯзнома нашр кунанд.
Ҳодисае, ки ба наздикӣ бо олимтарош Содиқов рух дод, ба ҳамин монанд аст.
Мавсуфро мақомоти марбутаи кишвар барои кушиши ҷосусӣ дар Хоруғ боздошт карданд. Ин амал думболаи нооромиҳо дар Бадахшон сурат гирифт.
Ҳадафи Содиқов баринҳо бошад, маълумоти бештар ҷамъ овардан доир ба ин вилоят ва ҷустуҷӯйи роҳҳои беҳтари пора кардани он аст.
Мутаассифона, ин мавзӯъ аз ҷониби журналистони мо тарзе пайгирӣ шуд, ки боиси ҳайрат аст. Баъзеи онҳо шадидан аз мавқеи давлатҳое, ки Содиқов ба гумони яқин барои онҳо хидмат мекард, ҳимоя карданд, баъзеи дигарашон бо нашри акси кӯдаки вай мехостанд аз ӯ як ҷабрдида тарошанд, қисмате талош карданд, ки аз ӯ як маҳбуси сиёсӣ созанд.
Тавре мебинем, амнияти кишвару давлат нафареро аз ин журналистон ба ташвиш наовард, ҳол он ки пуштибонӣ аз арзишҳову муқаддасоти миллӣ ва якпорчагии марзу буми Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст.
Бале, демократияю озодии баён чизи хуб аст, аммо вақте миёни Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух дод, баъзе аз сайтҳои дохилии кишвар рӯирост, беибо ба рекламаи мавқеи Қирғизистон шурӯъ карданд. Тасаввур кунед, ки дар Москва касе айни замон мавқеи Украинаро реклама кунад ё баръакс, дар Киев мавқеъгирии Москваро ситоиш кунанд.
Дареғ, ки ин гуна ҳолатҳо зиёданд ва мавқеъгирии баъзе журналистони мо дар масъалаҳои принсипиалӣ ватандӯсту ватанпараст будани эшонро собит намекунад, баръакс, сабабгори нобоварӣ ба онҳо мегардад.
Аз ин рӯ, мебояд, ки қаламкашони мо дар масоили миллӣ, амнияти миллат яктану якҷон бошанд ва манфиати моддии хешро аз манфиати миллӣ боло нагузоранд, зеро бо ин амал наметавонанд фардо боиси фахри наберагону аберагонашон шаванд.
Ҳусайни Шоҳпур