25-уми майи соли равон устодону донишҷӯёни факултети идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрданд.
Устодону донишҷӯён, ки беш аз панҷоҳ нафар буданд, аз осорхона ва китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки далелҳои ҷолиб аз таърихи парлумони кишвар ва китобҳои арзишманди соҳавиро фаро мегиранд, боздид карданд.
Сипас, дар толори маҷлисгоҳи парлумон вакилон, аз ҷумла раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, бо донишҷӯён суҳбат намуданд.
Насиба Содиқӣ ба донишҷӯён таърихи таъсиси парлумони кишвар, тарзи интихоби вакилон, тартиби фаъолияти Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва кумитаву комиссияҳои онро шарҳу тавзеҳ дод.
- Парлумони кишвар фаъолияташро дар асоси принсипҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ ва масъулият дар назди халқу Ватан амалӣ менамояд, — иброз дошт Насиба Содиқӣ.
Сумангул Тағойзода нақши занонро дар парлумон ва соҳаҳои дигар бозгӯйӣ намуда, донишҷӯёнро ба хондан ва дӯст доштани Ватан даъват намуд.
- Ҷавонон ва ҳаллу фасли мушкилоти онҳо дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишомӯзии онҳо иқдомоти зиёдро роҳандозӣ намудаанд. Ҷавононро мебояд масъулиятшинос бошанд ва имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода баранд, — афзуд Сумангул Тағойзода.
Тартиби овоздиҳӣ, муҳокимаҳои парламентӣ, қабули қарорҳо, робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонӣ, тартиби гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон аз мавзӯъҳое буданд, ки вакилон ба донишҷӯён маълумот доданд.
Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев чунин вохӯриҳоро дар баланд гардидани маърифати ҳуқуқиву сиёсии донишҷӯён муҳим арзёбӣ кард.
Роҳбарияти Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ чунин вохӯриҳои судмандро созмон диҳанд.
Фарзонаи Файзалӣ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ