Мулоқот бо Чанг Унг

№93-94 (3239-3240) 08.08.2014

ИТФ

Шашуми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии таэквон-до (ITF), раиси Кумитаи намудҳои якҳарбаи Ассотсиатсияи генералии федератсияҳои варзишии GAISF Чанг Унгро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба омодагӣ ва ҷараёни мусобиқоти чемпионати ҷаҳон доир ба таэквон-до (ITF), ки ҳоло дар Тоҷикистон идома дорад ва рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа гуфтгӯй сурат гирифт.

Чанг Унг ба омодагии Тоҷикистон барои ташкил ва гузарондани ин чорабинии муҳими ҷаҳони варзиш баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони соҳа арзи сипос намуд.

Ҳамчунин ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар ин бахши варзиш, ки дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ натиҷаҳои хеле баланд нишон медиҳанд, баҳои сазовор дода шуд.

Дар охири мулоқот ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камарбанди сиёҳи 9-ум дан бо сертификати он ва кемано супурда шуд, ки нишона аз қадрдонии олии Федератсияи байналмилалии таэквон-до (ITF) мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки камарбанди сиёҳи 9-ум дан дар низоми таэквон-до аз ҳама қуллаи баландтарин ба ҳисоб меравад.

www.president.tj