Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор», ки маблағи лоиҳавии он 684 млн. сомонӣ мебошад, бомаром ҷараён дорад.
Ҳоло толори танзими неруи барқ бо таҷҳизоти худкори рақамӣ ва дастгоҳи идорашавандаи фосилавӣ муҷаҳҳаз гардида, ба наздикӣ неруи барқи истеҳсолшуда ба шабакаи ягонаи барқии вилоят ва ҷумҳурӣ пайваст мегардад.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни боздид аз маҳали сохтмони сарбанди неругоҳ ва ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ба масъулин барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастур дод. Баъд аз ҳамвор намудани ҷойи сохтмони сарбанд, оғози корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ва канали асосӣ теъдоди сохтмончиён ба 300 нафар хоҳад расид.
Алъон 150 сокини вилоят дар ин иншоот ба кор машғуланд.
НБО — и «Себзор» бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар ин замина зиндагии аҳолӣ беш аз пеш беҳбуд хоҳад ёфт.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»