Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти нав қомат афрохта, ба ҳусни он таровати дигар бахшидаанд. Биноҳои боҳашамати дуошёнаю сеошёнаи маъмурӣ, иншооти фарҳангӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бозори марказӣ, нуқтаҳои савдо аз ҳамон ҷумлаанд.
Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Қурбоналӣ Нуралиев иттилоъ дод, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва азнавсозии 216 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Иттилоъ гирифтем, ки соли гузашта дар ноҳия 51 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар 46 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»