Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва ҳамзамон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия, намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 майи соли 2023, №570