Тавре аз Маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 23 ва 24 майи соли равон дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон жола борида, ба хоҷагии халқ зарар расонид.
Аз ҷумла дар деҳаи Варваи Ҷамоати деҳоти Ромит бар асари бориши зиёди борон ва жола сел омада, панҷ манзили истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон, аз қабили оғилхона, ошхона, ҳаммом, заминҳои наздиҳавлигии 21 хонавода, роҳҳои маҳаллиро вайрон намуд.
Дар деҳаҳои Шул, Чашмаи Қозӣ, Вардуч ва Машконаки деҳоти Нусратулло Махсум, деҳаҳои Бинисуфиён ва Почеи поёни деҳоти Боқӣ Раҳимзода, деҳаҳои Додбахт ва Туғаки деҳоти Аскалон ва шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт низ сел боиси осеб дидани замини наздиҳавлигии 41 хонавода гардид.
Ба ғайр аз ин, канали Саришухон-Аскалони деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт дар масофаи 100 метр хароб гардид.
Дар мавзеи Лаби ҷари шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Сангвор бар асари офати табиӣ 5, 8 ва 9-уми шоҳроҳ осеби ҷиддӣ диданд.
Ҷиҳати бартарафсозии ҳолати баамаломада аз тарафи МДНРА-и ноҳия як адад техникаи муҳандисӣ ва роҳсозон сафарбар шуда, то соати 9-30 дақиқаи субҳи рӯзи 24 май роҳи мазкур пурра аз сангу шағал тоза ва ҳаракати ҳама гуна намуди воситаи нақлиёт таъмин гардид.
Чунин ҳолат дар кӯчаҳои Одинаев, Каром Мирзоев, Тағоймурод Хушвахтов Ҷамоати шаҳраки Ёвон низ ба амал омад.
Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар минтақаҳои зикршуда комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолият намуда, зарари расида пурра муайян карда мешавад.
Муҳаммад ЗОКИР,
“Садои мардум”