Ҳар сол якуми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин санаро бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон бори аввал соли 1950 ҷашн гирифта буданд. Ин иқдом моро ҳушдор медиҳад, ки масъули саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти онҳо бошем. Онҳоро дӯст дорем ва меҳру муҳаббатро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой дода тавонем.
Ҳоло дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санади байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва ғайра барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам шудааст.
Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмонию равонӣ ҷой дорад ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як нафар озор меёбад. Дар баъзе кишварҳои Осиё ва Африқо кӯдакон бо гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои вазнин мувоҷеҳанд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст .
Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 33,9 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасони то 15-сола ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоист.
Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, тадбирҳои зиёд андешида шудааст. Яке аз масъалаҳои мубрам ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад. Дар ин замина фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилот 99 фоизро ташкил медиҳад.
Дар мамлакат риояи меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон дар мадди назар буда, фароҳам овардани шароит барои таҳсили онҳо аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Бо ин масъала хоса будани таваҷҷуҳ ҷанбаҳои зиёди мусбат дорад. Муҳим он аст, ки ба сиёсати иҷтимоии давлат аз лиҳози муносибат ба кӯдакон ва мӯйсафедон баҳо медиҳанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»