Насли нав

№72 (4655) 02.06.2023

Чӣ тавр онҳоро бояд муҳофизат кунем?

Якуми июн дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аксари волидон, ки нисбат ба ҳаёти фарзандашон беаҳамият нес­танд, ин санаро арҷ мегузоранд.

Дар матлаби зер доир ба хатарҳои нав ва роҳи эмин мондани кӯдакон аз онҳо мегӯем.

ҲОЛАТИ КУНУНИИ КӮДАКОН

iБаробари аз дар даромадан, садои «Алла»-хонии ҳамсарам омад ва каме пас аз ошхона овози косашӯӣ ба гӯш расид. Чун дар хона ману ҳамсару писарам зиндагӣ мекунем, фикр кардам, ки нафаре меҳмонӣ омадаасту ба корҳои хона ёрӣ расонида истодааст. Хона даромадам, ки овози ҳамсарам ҳасту худаш нест. Аниқтараш овозашро дар диктофон сабт карда, онро фаъол намудааст, то кӯдак хоб кунад. Ба гуфти ҳамсарам, писарамон аллакай ба «фонограмма» одат кардааст.

Писари мо шашмоҳа аст, аммо бе телефону наворҳои гуногун ҳатто хӯрок намехӯрад.

Чун ин хатои худу одати фарзандамонро ба ҳамсоя гуфтем, хандида гуфт:

- Он дарде, ки шумо доред, мо ҳам дорем.

Ба гуфти ӯ, духтари чорсолааш соате бе телефон наметавонад. Барои ӯ интернети хонагӣ пайваст кардаанд, зеро филмҳои тасвириро аз «YouTube» медидаасту мегабайтҳои волидонаш ҳатто як рӯз талаботашро қонеъ карда наметавонистаанд.

Рӯзе ҳамкурсам, ки дар вақти донишҷӯӣ бисёр рафиқи наздик будем, бо ҳамсару фарзанди 8-солааш меҳмонӣ омад. Наздики се соат нишастем, вале бо кӯдакаш танҳо салому хайрухуш намудам, зеро бо бозиҳои телефон чунон банд буд, ки ҳатто хӯрокашро дуруст нахӯрд.

Баъзан дар «Instagram» «Reels» мегузорам. Чандест, ки як корбар бо номи «Хушрӯи кӯча» «лайк» мемонад, «коммент» менависад ва ба қавле, якум «просмотр»-ро аз ӯ мегирам. Рӯзе пас аз салому ҳолпурсӣ як сураташро равон карда, навишт:

- Ман духтари собиқ ҳамкоратон Музаффар, пагоҳ 12-сола мешавам, агар бо як «сториз» дар «Instagram» ба зодрӯзам табрик кунед, хурсанд мегардам.

МОРО МЕБОЯД…

Саволе ба миён меояд, ки ҳоло бояд кӯдаконро аз чӣ ва чӣ тавр муҳофизат кунем? Чун ҳоло замони техника аст ва медонем, ки технологияи иттилоотӣ ба насли нав чӣ гуна таъсири бад мерасонад, хуб мешавад онҳоро муҳофизат кунем, зеро муҳит инро тақозо мекунад. Медонем, ки агар ҳолатро дигар накунем, писари мо ҳам дар чорсолагиаш соате бе телефон истода наметавонад ва лозим меояд барои ӯ телефони алоҳида харида, интернети хонагӣ пайваст кунем. Агар аз ҳоло кӯшиши иваз шуданро накунем, эҳтимол писарам дар 8-солагиаш бо айнак гардаду бо одамон ба ҷуз салому хайрухуш дигар суҳбат накунад. Агар аз ҳоло дар фикри ояндааш нашавем, шояд дар 12-солагиаш даҳҳо нафарро илтимос кунад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зодрӯзаш табрик кунанд.

Ҳолати дигаре, ки бояд моро ба тадбирандешии бетаъхир водор кунад, бисёр барвақт фаъол шудани фарзандонамон дар шабакаҳои иҷтимоист. Онҳо ба фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки шумораи обуначиҳояшон садҳо ҳазор нафар аст, ҳасад мебаранд, онҳоро идеал интихоб мекунанд.

Дар моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» чунин муқаррар шудааст: «Ҳар як кӯдак ба озодии сухан ва изҳори ақидаи худ, озодии виҷдон ва инкишофи фаъолнокии ҷамъиятӣ, ба гирифтан ва интишор кардани иттилооти ба синни ӯ мувофиқ, иштироки ихтиёрӣ дар ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад».

Оё ин талабот дар шабакаҳои иҷтимоӣ риоя мешавад?

ШАХСОНИ МАЪРУФ ЧИРО МЕДОНАНД, КИ МО НАМЕДОНЕМ?

Молики ширкати «Apple» Стив Ҷобс гуфта буд, ки ба кӯдаконамон иҷозати истифодаи технологияи муосирро надиҳем. Яке аз сарватмандтарин шахси дунё ва бунёдгузори ширкати «Microsoft» Билл Гейтс дар як мусоҳибааш иброз дошта буд, ки фарзандонаш то 14-солагиашон ҳуқуқи истифодаи технологияро надоранд ва пас аз синни 14 дар як шабонарӯз танҳо 2 соат аз он истифода мебаранду халос. Яке аз асосгузорони шабакаи иҷтимоии «Facebook» Шон Паркер низ ба таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ишора карда буд.

Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар ВАО-и мо мутахассисон доир ба зарарҳои телефони мобилӣ ба мардум мегӯянд, вале аксарият, сухани онҳоро сарфи назар мекунанд. Хулоса, агар пеши роҳи ин «раванд»-ро нагирем, шояд телефонҳои мобилӣ меҳру муҳаббати фарзандонро нисбат ба волидайн дур созанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»