Ҳамасола Ҳукумати ҷумҳурӣ вазорату идораҳои марбутаро вазифадор месозад, ки ба хубу самарабахш гузаштани рӯзҳои таътил ва истироҳати наврасону кӯдакон мусоидат намоянд. Имсол низ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 таҳти № 558 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2014» тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуданд. Раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.А. Қаҳоров зимни суҳбат ба хабарнигорамон чунин гуфт:
-Ташкили истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳа мебошад. Имсол низ мо барвақт ба ин мавсим омодагӣ гирифтем. Илова ба ташкили истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, наздимактабӣ ва варзишию солимгардонӣ, чанд сол боз осоишгоҳи «Алишер»-ро, ки дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор воқеъ аст ба иҷора гирифтаем. Имсол дар басти аввал дар ин осоишгоҳ 126 нафар кӯдакону наврасони кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Шаҳринав, Ваҳдат, Роғун, Ҳисор, Рӯдакӣ ва як гурӯҳ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар басти дуюм, ки чанд рӯз пеш анҷом ёфт, теъдоди истироҳаткунандагон 128 нафарро ташкил дод. Умуман, тобистони соли ҷорӣ беш аз 1000 нафар фарзандони кормандони соҳа дар осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва варзишию солимгардонӣ таътили худро босамару шавқовар гузарониданд. Барои ташкили истироҳати хуби бачаҳо кормандони мо бо барномаҳои ҷолиб ба осоишгоҳ сафарбар гардиданд. Аз ҷумла дар осоишгоҳи «Алишер» зери роҳбарӣ ва сарпарастии Иттифоқи касабаи соҳавӣ барои фароғати кӯдакон тамоми шароитҳо муҳайё карда шуд. Биноҳои алоҳида барои чор гурӯҳ, ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои варзишӣ дар ихтиёри кӯдакон буд. Барои онҳо чор маротиба хӯроки гарм пешкаш мегардид. Барои хушу самарабахш гузаштани истироҳати бачаҳо дар осоишгоҳ маҳфилу намоишҳои шавқовар гузаронида шуд. Ҳамзамон гурӯҳҳои алоҳидаи фарзандони кормандони соҳа дар осоишгоҳҳои «Чангоб» (Ҳисор), «Чайка» (Варзоб), «Шоҳин» (Қайроққум) ва «Ширкент» (Турсунзода) таътили тобистонаи худро гузарониданд.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»