Бахшида ба 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2014 дар саросари ҷумҳурӣ даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» оғоз гардида буд, чорабинии мазкур давоми се моҳ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо идома дошт. Ғолибон бо беҳтарин барномаҳои консертӣ ҳунару истеъдоди худро нишон дода, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Аз рӯзҳои аввали моҳи августи соли равон даври дуюми (ниҳоии) Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» дар қасри Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев оғоз гардид, ки аҳли ҳунар ва соҳибистеъдодҳои ҷавони ноҳияи Файзобод аз зумраи аввалин иштирокчиёни он буданд.
Раиси ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои ноҳия меҳмонону мухлисони ба озмун ташрифовардаро хайра мақдам гуфтанд.
Сипас, гулдухтарони ноҳия бо байти зер ба фестивал-озмун ҳусни оғоз бахшиданд.
Зи Файзобод савти Андалеби Тоҷикистон мерасад бар гӯш,
Зи боғи накҳати фарҳанг оҳанги дилу ҷон мерасад бар гӯш.
Санъаткорон бошанд, бо суруду мусиқии дилошӯб хотири мухлисонро шод гардониданд.
Диёри Файзобод таърихи куҳан дорад. Табиати дилфиреб, мардуми меҳмоннавозу ҳунарманд ва ғаюрро дорост. Касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии ин диёри куҳанбунёд дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд.
Зимни азназаргузаронии намоишгоҳи дастовардҳои ноҳия бо нигораҳои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ошно шудем. Диққати ҳозиринро деги чӯяние, ки ба асри X ба давраи Вашгирди бостонӣ муталлиқ буду таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошт, бештар ба худ ҷалб мекард. Бозёфти мазкур ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» тақдим карда шуд. Инчунин иштирокчиёни озмун маҳсули ҳунарҳои миллӣ, аз қабили гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ, чӯбтарошӣ ва дигар асбобҳои қадимаро ба намоиш гузошта буданд.
Зикр кардан зарур аст, ки яке аз шартҳои асосии озмун ин пешкаш намудани маҳсули ҳунари дасти ҷавонон, аз ҷумла омода кардани шириниҳо ва пухтупаз ба шумор мерафт. Тавре аён гардид, иштирокчиён аз уҳдаи он ба хубӣ баромаданд. Як гурӯҳ ҷавондухтарони ноҳия, ки маҳсули дастони хешро ба намоиш гузашта буданд, суруди халқии «Файзобода шамолош…»-ро бо завқи баланду лаҳни басо ширин месуруданду гурӯҳи дигар хеле зебо мерақсиданд. Тамошобинон, аз ҷумла чанд нафар хориҷиёне, ки наворбардориву суратгирӣ мекарданд, мафтуни ҳунарнамоии онҳо шуда, бо завқ қарсак мезаданд.Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков зимни оғоз бахшидани даври ниҳоии озмун иброз дошт, ки ташкили чунин озмунҳо ба мустаҳкам намудани риштаи дӯстиву рафоқат миёни мардуми мо ва ҳар чӣ бештар ошноӣ пайдо кардан ба ҳунару завқи дигарон, оммавӣ гардонидани фарҳанг ва дарёфти чеҳраҳои наву тозаэҷод мусоидат мекунад.
Дар барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли ҳунари ноҳияи Файзобод беш аз 100 нафар ҳунармандону овозхонон иштирок карданд.
Муҳаммад Зокир, «Садои мардум»