Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якуми марти соли 2023 идома дошт, ба анҷом расид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зикр карда шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт дар рӯзи нахустини даъват ва чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрели соли равон нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуданд.
То 31-уми майи соли 2023 вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои нақша гузориш доданд.
Манбаъ афзуд, ки тайи солҳои охир ҷавонписарони матиниродаву ватандӯст, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд, зиёд аст. Вале, шаҳрвандоне низ буданд, ки баъд аз гирифтани даъватнома бе сабабҳои узрнок ҳозир нашуданд. Рӯйхати онҳо ба мақомоти дахлдор ирсол шудааст ва нисбат ба чунин ҷавонписарон чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
“Садои мардум”