Аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Суботу оромӣ самараи меҳнати пурмаҳсули онҳост

№95 (3241) 12.08.2014

«Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро  заиф  гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 июли соли 2014).

Масъулияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сол то сол вобаста ба пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, рушду тараққиёти илму техника ва дигаргуниҳои замони муосир бештар гардида, дар назди онҳо  вазифаву уҳдадориҳои навро мегузорад.

Суботу оромӣ ва  тинҷию осудагӣ асоси рушди ҷомеа мебошад. Аз ин ҷиҳат кушишу талоши  кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба он равона гардидааст, ки  ҳифзи  тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон таъмин гардида, сокинони ҷумҳурӣ дар фазои дӯстиву  рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ кору зиндагӣ намоянд.

Нақш ва саҳми кормандони милитсия дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи молу мулк ва  манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини зиндагии ороми сокинони ҷумҳурӣ назаррас буда, Вазорати корҳои дохилӣ миёни дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз ҷумлаи пешоҳангони мубориза ба муқобили амалҳои ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ муайян ва пешгирӣ намудани амалҳои ҷинояткорона собит менамояд, ки вазъи ором, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ба бадхоҳону душманони миллат чун хор ба чашм мехалад. Гурӯҳу ташкилотҳои ғайриқонунии экстремистӣ ва ҷиноятпешае ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита  мехоҳанд суботу  оромии ҷомеаро халалдор намоянд.

Маҳз ҳушёрӣ, дараҷаи баланди касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ки пеши роҳи силсила амалҳои террористӣ гирифта шуд. Тибқи нақша гурӯҳи террористон мақсад доштанд, ки дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», биноҳои прокуратура, корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода амалҳои тахрибкорона анҷом диҳанд. Аммо аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ шуда, ҳафт ҷинояткор дастгир гардиданд. Тавре сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  полковники милитсия Сафиалло Девонаев дар суҳбат бо мо гуфт, ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дастгиршудагон нафароне мебошанд, ки дар  қароргоҳҳои махсуси кишварҳои хориҷӣ машғулиятҳои тахрибкориро омӯхтаанд.

Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 9 ҳазору 339 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз он 7 ҳазору 933 ададаш ошкор гардидааст. Дараҷаи кушодашавии ҷиноятҳо нисбат ба соли гузашта се фоиз зиёд мебошад. Аз он миқдор 1829 ҳолатро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд, ки 1428- тои он ошкор гардидааст.

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муайян ва дастгир карда шуданд, ки дар содир намудани 98  ҷинояти махсусан вазнин даст доштанд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 49 нафар аъзои ташкилоти террористиву экстремистӣ, 39 нафар аъзои гурӯҳҳои  мусаллаҳи ғайриқонунӣ дастгир шуданд, ки аз тарафи онҳо 169 ҷиноят содир гардидааст.

Доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1994 таҳти №2 «Дар бораи ихтиёран супурдан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зиёд амалӣ карда  шудааст. Дар  натиҷаи  гузарондани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин  ҳамкориҳои самаранок бо аҳолӣ аз соли 1994 то ҳол 37 ҳазору 434 (дар шаш моҳи соли ҷорӣ 985) силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамзамон вобаста ба шароити муҳайёгардида, баъзе шаҳрвандон таври ихтиёрӣ ба мақомоти дахлдор силоҳҳояшонро супориданд.

Бо вуҷуди андешидани чораҳои пешгирӣ ва ошкору ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон содиршавии амалҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла одамкушӣ, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қасдан расондани зарар ба саломатӣ, дуздӣ, авбошӣ,  ғоратгарӣ нисбат ба солҳои пешин бештар шудааст. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон  Ҳамро зимни суҳбат бо  хабарнигорон зикр намуд, ки аз тарафи ноболиғон содиршавии ҷиноят бештар ба назар мерасад. Бахусус ба авбошӣ даст задани ноболиғон бештар шудааст. Дар аксари  маврид ин намуди ҷиноят дар заминаи муноқишаҳои байнимактабӣ анҷом меёбад.

Давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи ноболиғону ҷавонон 3062 ҷиноят содир  шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Дар ин давра шаш ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ ба қайд  гирифта шуда, дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ як нафар хонанда ба ҳалокат  расид. Содиршавии чунин ҷиноят бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад. Ба андешаи вазири корҳои дохилӣ барои ба ҷиноят даст задани ҷавонону ноболиғон омилҳои зиёде сабаб мешаванд. Намоиши барномаҳои зӯроварӣ, фаҳшу дигар  амалҳои номатлуб тавассути шабакаи интернет ба косташавии ахлоқи ҷавонон боис мегарданд. Аз таълиму тарбия дур мондани ноболиғон омили дигари ба ҷиноят даст задани онҳо мебошад. Дар чунин ҳолат онҳо бо ҳам муноқишаҳо мекунанд,  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  алфози қабеҳро истифода мебаранд, ба доми афрод ё гурӯҳи ҷиноятпеша меафтанд. Ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд» нисбати 4456 нафар падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба судҳо ирсол гардиданд.

Додани ҷазо воситаи ҳалли ин мушкилот нест. Ҷиҳати пешгирии содиршавии амалҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон тадбирҳои зиёдеро амалӣ бояд кард.

Дар самти ҷиноятҳои вобаста ба ахлоқ, фоҳишагӣ ва даллагӣ дар ин давра 593 ҷиноят ошкор шуда, 1777 фоҳиша, 2502 даллаву нигоҳдорандагони фоҳишахона ва 157 нафар шахсоне, ки ба интиқоли занону духтарон ба хориҷи кишвар бо мақсади истисмори шаҳвонӣ  машғуланд, дар қайди алоҳидаи ВКД гирифта шудаанд.

Ҳарчанд қонунгузорӣ ба шахсони ба хариду фурӯши занону  духтарон барои  истисмори шаҳвонӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст, аммо худи фоҳишаҳо аз ҷазои ҷиноятӣ «берун» мондаанд. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Моддаи 130. Машғул шудан ба фоҳишагӣ) ҷазои маъмуриро пешбинӣ намудааст. Мутобиқи он барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ба андозаи аз даҳ то  бист  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин  карда мешавад. Ҳоло як  нишондиҳанда барои ҳисобҳо 40 сомонӣ муқаррар шудааст.

Яъне, ҷарима барои машғул шудан ба фоҳишагӣ аз чорсад то ҳашсад сомониро ташкил медиҳад. Онҳо аз ин намуди ҷазо, ки маблағи  чандон зиёд нест, тарсу ҳарос надоранд.

Бино ба гуфти вазири корҳои дохилӣ баъзе аз фоҳишаҳо дар мақомоти  милитсия пуштибон доштанд. Давоми шаш моҳи соли равон чор корманди милитсия барои ҳимоят аз фоҳишаҳо аз кор озод ва се нафар огоҳӣ гирифтанд.

Вазир дар бораи даст ба  қонуншиканӣ задани баъзе кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин муддат аз тарафи 25 нафар корманди милитсия 25 ҷиноят содир шудааст. Ҳамчунин барои риоя накардани талаботи хизматӣ 1058 корманд ба ҷазои интизомӣ ҷалб шуда, аз ин теъдод 85 нафар аз мақомот ронда ва 75 нафар аз вазифа озод карда шуданд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»